ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ КАФЕДРАИ ФИЗИОЛОГИЯИ ПАТОЛОГӢ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР ДАНҒАРА

ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ КАФЕДРАИ ФИЗИОЛОГИЯИ ПАТОЛОГӢ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР ДАНҒАРА

20 ноябри соли 2026 дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон», воқеъ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Илми тиб, таҳсилот ва амалияи клиникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва дурнамо» баргузор гардид. Конференсия ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бахшида шуд.

Дар конференсия масъули корҳои илмии кафедра, номзади илмҳои тиб Ф. А. Шукуров ва ассистентони кафедра Н. Р. Назариён, К. С. Ҷалилов ва Х. Ш. Марипов иштирок намуда, бо маърӯзаҳои илмӣ баромад карданд.

Дар доираи барномаи конференсия масъалаҳои рушди илми тиб, такмили таҳсилоти тиббӣ, омодасозии мутахассисони баландихтисос ва баланд бардоштани сифати амалияи клиникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Конференсия дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардида, барои муаррифии натиҷаҳои таҳқиқот, мубодилаи таҷрибаи илмию амалӣ ва таҳкими робитаҳои касбӣ миёни намояндагони муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ шароит фароҳам овард. Иштироки кормандони кафедра имкон дод, ки онҳо натиҷаҳои корҳои илмии худро ба ҳамкасбон муаррифӣ намоянд ва бо самтҳои таҳқиқоти дигар иштирокчиён шинос шаванд.

Аз рӯйи натиҷаҳои конференсия ассистенти кафедраи физиологияи патологӣ Н. Р. Назариён дар бахши “Фанҳои назариявии тиббӣ” барои маърӯзаи илмии пешниҳоднамудааш бо дипломи «Беҳтарин маърӯза» сарфароз гардид. Ин дастовард барои ҳайати кафедра боиси ифтихор буда, фаъолияти илмии омӯзгорони ҷавонро дар сатҳи ҷумҳуриявӣ муаррифӣ намуд.

Кафедраи физиологияи патологӣ


24.11.2026 8

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php