ИШТИРОКИ КОРМАНДОН ВА УНВОНҶӮЁНИ КАФЕДРАИ БЕҲДОШТ ВА ЭКОЛОГИЯ ДАР НАХУСТИН КОНГРЕССИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ИНСОН ВА ДОРУ»
Дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» 19-уми ноябри соли 2026 нахустин Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид, ки дар кори он кормандон ва унвонҷӯёни кафедраи беҳдошт ва экологияи МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» таҳти роҳбарии мудири кафедра, номзади илмҳои тиб, дотсент Ҳасанов Ф.Ҷ., аз ҷумла доктори фалсафа (PhD) Нушервони Б.Х. ва дигар намояндагони кафедра иштирок намуданд.
Зимни баргузории чорабинӣ зикр гардид, ки нахустин Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» дар доираи Соли ҳифзи саломатӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардида, мутахассисони соҳаи тандурустӣ, олимон ва муҳаққиқонро барои баррасии масъалаҳои мубрами тибби муосир, аз ҷумла ҳифзи саломатии инсон, пешгирии бемориҳо, таҳкими саломатии аҳолӣ ва дароз намудани давомнокии умри фаъолу солим муттаҳид менамояд.
Дар доираи конгресс як қатор симпозиумҳо ва ҷаласаҳои илмӣ баргузор гардида, масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла пешгирӣ ва назорати бемориҳои музмини ғайрисироятӣ, нақши ғизои солим дар ҳифзи саломатӣ ва пешгирии бемориҳо, рақамикунонии низоми тандурустӣ, эпидемиологияи бемориҳои ғайрисироятӣ, иқтисодиёти тандурустӣ ва такмили низоми фармаконазорат мавриди баррасӣ ва муҳокимаи илмӣ қарор гирифтанд.
Дар чорабинии мазкур доктори фалсафа (PhD) Нушервони Б.Х. дар мавзӯи «Масъалаҳои афзалиятноки ғизо ва саломатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо маърузаи илмӣ баромад намуда, таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба масъалаҳои муҳими ғизои солим ва нақши он дар ҳифзу таҳкими саломатии аҳолӣ ҷалб намуд.
Таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ барои мубодилаи таҷрибаи илмӣ ва амалӣ, таҳкими робитаҳои касбӣ, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи дастовардҳои муосири илму технология дар соҳаи тандурустӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Изҳори умедворӣ карда шуд, ки натиҷаҳои конгресс ба густариши ҳамкориҳои илмӣ ва байналмилалӣ, такмили сифати хизматрасонии тиббӣ, рушди равишҳои муосири пешгирии бемориҳо ва таҳкими саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳанд намуд.
Кафедраи беҳдошт ва экология