ИШТИРОКИ ФАЪОЛИ ҲАЙАТИ ДОНИШГОҲ ДАР РОҲПАЙМОИИ ОСОИШТА БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

ИШТИРОКИ ФАЪОЛИ ҲАЙАТИ ДОНИШГОҲ ДАР РОҲПАЙМОИИ ОСОИШТА БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Имрӯз, 24 ноябри соли 2026, дар шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи идона бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, аҳли зиё, ҷавонон ва сокинони пойтахт баргузор гардид.

Дар доираи ин чорабинии тантанавӣ роҳпаймоии осоишта таҳти рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ баргузор шуда, дар он ҳайати профессорону омузгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳ бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ҳисси ифтихори миллӣ ва масъулиятшиносӣ иштироки фаъолона намуданд.

Иштирокчиёни роҳпаймоӣ бо парчамҳои давлатӣ ва шиору овезаҳои ватандӯстона аз назди маконҳои баргузории чорабинӣ гузашта, эҳтирому садоқати худро ба рамзи соҳибистиқлолии кишвар ифода карданд.

Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз муқаддасоти миллӣ таҷассумгари истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва соҳибихтиёрии давлат буда, дар таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи ҳисси ватандӯстии насли ҷавон нақши муҳим дорад. Эҳтиром ба Парчам, пеш аз ҳама, эҳтиром ба таъриху фарҳанг, давлатдорӣ ва арзишҳои волои миллати тоҷик мебошад.

Иштироки ҳайати Донишгоҳи дар чунин чорабинии муҳими сиёсиву фарҳангӣ бозгӯи эҳсоси баланди масъулияти шаҳрвандӣ, садоқат ба Ватан ва ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Зери парафшонии Парчами давлатӣ аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонону донишҷӯён, масъулияти бештареро дар назди Ватан эҳсос намуда, барои ҳифзи истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ободии Тоҷикистони азиз саъю талош менамоянд.

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак, Тоҷикистони азиз!

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


25.11.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php