ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ДОНИШГОҲ ДАР АКСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “МАСИРИ АМАЛҲОИ НЕК”
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аксияи байналмилалии ватандӯстонаи “Масири амалҳои нек”, ки дар Ҷумҳурии Белорусия баргузор гардид, иштирок намуданд. Ҳайати мазкурро аз Донишгоҳ раиси Иттифоқҳои касабаи донишҷӯён Сафаров Бахтиёр Бердиевич намояндагӣ мекард. Дар рафти аксияи болозикр масъалаҳои ҳифзи хотираи таърихӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки чунин ташаббусҳо ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар атрофи арзишҳои инсонгароӣ, меҳрубонӣ, масъулияти касбӣ ва эҳтиром ба таърих муттаҳид менамоянд. Бо сабаби дар арафаи таҷлили Рӯзи Ғалаба омадани аксияи мазкур намояндагии Донишгоҳ аз саҳми ҷавонони тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва нақши кормандони тиб дар наҷоти ҷони ҳазорҳо сарбозон ёдовар шуданд.
Иштиркочиён аз мавзеъҳои таърихӣ боздид намуда, дар чорабиниҳои ободонӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ширкат варзиданд. Ба андешаи иштирокдорон, чунин иқдомҳо барои таҳкими дӯстии байни халқҳо, баланд бардоштани маърифати таърихӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи сулҳпарварӣ аҳамияти калон доранд.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА