ИШТИРОК ДАР БАРГУЗОРИИ МАШҚҲОИ ПАГОҲИРӮЗӢ

ИШТИРОК ДАР БАРГУЗОРИИ МАШҚҲОИ ПАГОҲИРӮЗӢ

Бо мақсади иҷрои дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.02.2026, №2081 (26), инчунин дар асоси фармоиши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.02.2026, №12-268, вобаста ба ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои оммавии варзишӣ, солимгардонӣ, машқҳои пагоҳирӯзӣ ва терренкур, санаи 18 апрели соли ҷорӣ машқҳои пагоҳирӯзӣ баргузор гардиданд. Дар доираи ин иқдом, кормандони Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ, табибони Маркази ташхисию табобатӣ ва 30 нафар ординаторони клиникӣ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Устод Рӯдакӣ фаъолона иштирок намуда, ба машқҳои пагоҳирӯзӣ ҳамроҳ шуданд. Иштирокчиён бо рӯҳияи баланд ва эҳсоси масъулият дар иҷрои машқҳои ҷисмонӣ саҳм гузошта, аҳамияти тарзи ҳаёти солим ва фаъолро бори дигар таъкид намуданд.

Чунин чорабиниҳо барои таҳкими саломатӣ, боло бурдани сатҳи омодагии ҷисмонӣ ва тақвияти ҳамбастагии дастаҷамъӣ мусоидат намуда, дар тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа нақши муҳим мебозанд.

 

                                              Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ


18.04.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php