ИМПЕРИЯИ КУРУШИ КАБИР РАМЗИ АДОЛАТПАРВАРӢ

ИМПЕРИЯИ КУРУШИ КАБИР РАМЗИ АДОЛАТПАРВАРӢ

Санаи 05 ноябри соли 2026 дар толори лексионӣ чорабинӣ дар мавзуи “ Империяи Куруши Кабир” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур декани факултети тиббӣ д.и.т., профессор Саидзода Б.И., муовинони декан ва донишҷӯёни курси якуми факултет иштирок намуданд.

Дар оғози чорабини декани факултет оиди осору арзишҳои ниёгон, анъанаҳои давлатдорӣ, қонунмеҳварӣ ва бунёдгузории нахустин империя дар таърихи башар, ки ҳазорсолаҳо қабл аз ҷониби Куруши Кабир офарида ба аҳли башар тақдим гардидааст, суханронӣ намуд. Дар рафти суханронӣ қайд карданд, ки ин империя ифодагари рамзи адолатпарварӣ, таҳамулгароӣ ва эҳтирому риояи ҳуқуқи инсон дар тамандуни башар мебошад. Инчунин дар рафти чорабинӣ аз ҷониби дониҷуён маърузаҳо дар мавзуи “ Куруши Кабир-Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи башар” ва “Устувонаи Куруши Кабир” ироа гардид

САДОРАТИ ФАКУЛТЕТИ ТИББӢ


10.11.2026 6

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php