ҲИМОЯИ РИСОЛАИ ДОКТОРӢ МУБОРАК БОШАД, МУНФИЗА БУРҲОНӢ!
Санаи 6-уми июли соли ҷорӣ дар фазои тантанавӣ ҳимояи рисолаи доктории мудири кафедраи рентгенология ва радиология Сайфиддинзода Мунфиза Бурҳонӣ дар мавзуи “Табобати якҷоя ва маҷмуии саратони пӯст бо истифода аз муолиҷаи шуоӣ дар Тоҷикистон” аз рӯйи ихтисоси 3.1.12.-онкология бо муваффақият баргузор гардид.
Ин дастоварди арзишманди илмӣ натиҷаи заҳматҳои чандинсолаи муҳаққиқ буда, дар рушди илми онкология ва такмили усулҳои ташхису табобати бемориҳои саратонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Раёсат, ҳайати профессорону омузгорон Сайфиддинзода Мунфиза Бурҳониро ба муносибати ҳҳимояи муваффақонаи рисолаи докторӣ табрику муборакбод намуда, барояшон дар фаъолияти илмию омузгорӣ, табиқи дастовардҳои илмӣ дар амалияи тиббӣ комёбиҳои боз ҳҳам бештар, саломатии бардавом ва фатҳи зафарҳои нав орзу менамоянд.