ИММУНИЗАТСИЯ ҲАМЧУН ОМИЛИ МУҲИМИ ҲИФЗИ САЛОМАТИИ АҲОЛӢ
Дар шароити муосир, ки масъалаҳои таъмини амнияти санитарӣ-эпидемиологии аҳолӣ аҳамияти аввалиндараҷа касб намудаанд, иммунизатсия яке аз самараноктарин ва аз ҷиҳати иқтисодӣ асосноктарин чорабиниҳои пешгирикунандаи соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумоти созмонҳои байналмилалии тандурустӣ, маҳз татбиқи барномаҳои васеи эмгузаронӣ имкон фароҳам овардааст, ки сатҳи беморшавӣ, маъюбият ва фавт аз бисёр бемориҳои сироятӣ дар саросари ҷаҳон ба таври назаррас коҳиш ёбад.
Иммунизатсия раванди ташаккули масуният дар организми инсон нисбат ба бемориҳои муайяни сироятӣ мебошад, ки тавассути истифодаи ваксинаҳо амалӣ карда мешавад. Ваксинаҳо дорои микроорганизмҳои сустшуда, ғайрифаъол ё ҷузъҳои алоҳидаи онҳо буда, ҳангоми ворид шудан ба организм фаъолияти системаи масуниятро ангезиш дода, истеҳсоли антителаҳо ва ҳуҷайраҳои муҳофизатиро таъмин менамоянд. Дар натиҷа, организм қобилияти муқовимат ба ангезандаҳои бемориҳои сироятиро пайдо мекунад.
Аҳамияти иммунизатсия дар он зоҳир мегардад, ки он на танҳо ҳифзи шахсии инсонро таъмин менамояд, балки барои ташаккули масунияти ҷамъиятӣ низ мусоидат мекунад. Масунияти ҷамъиятӣ ҳолатест, ки дар он қисми зиёди аҳолӣ дорои масуният буда, имконияти гардиш ва паҳншавии ангезандаҳои беморӣ дар ҷомеа маҳдуд мегардад. Ин омил махсусан барои муҳофизати кӯдакони ширмак, шахсони дорои норасоии масуният ва дигар гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ аҳамияти калон дорад.
Дар таърихи рушди тиб дастовардҳои назарраси иммунизатсия ҷойгоҳи махсус доранд. Бо шарофати эмгузаронии оммавӣ бемории нағзак (оспа) пурра аз байн бурда шуда, ҳолатҳои гирифторшавӣ ба фалаҷи атфол, дифтерия, сурхакон ва як қатор бемориҳои дигар дар бисёр кишварҳо ба ҳадди ақал расонида шудаанд. Ин муваффақиятҳо бори дигар аҳамияти илмӣ ва амалии ваксинаҳоро дар пешгирии бемориҳои сироятӣ тасдиқ менамоянд
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи Барномаи миллии иммунизатсия яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ мебошад. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкории сохторҳои байналмилалӣ эмгузаронии кӯдакон ва дигар гурӯҳҳои аҳолӣ мутобиқи тақвими миллии эмгузаронӣ ба роҳ монда шудааст. Дар натиҷа, сатҳи беморшавӣ аз бисёр бемориҳои сироятии идорашаванда тавассути ваксинаҳо коҳиш ёфта, нишондиҳандаҳои саломатии аҳолӣ беҳтар гардидаанд.
Бо вуҷуди пешрафтҳои назаррас, дар ҷомеа то ҳол баъзе андешаҳои нодуруст нисбат ба эмгузаронӣ вуҷуд доранд, ки метавонанд ба сатҳи фарогирии аҳолӣ бо ваксинаҳо таъсири манфӣ расонанд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ, тарғиби донишҳои илмӣ ва дастрас намудани иттилооти боэътимод оид ба бехатарӣ ва самаранокии ваксинаҳо вазифаи муҳими кормандони соҳаи тандурустӣ ва муассисаҳои илмӣ ба ҳисоб меравад.
Хулоса, иммунизатсия ҳамчун яке аз дастовардҳои бузурги илми тиб дар ҳифзи саломатии аҳолӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҷомеа нақши муҳим мебозад. Самаранокии баланди ваксинаҳо, коҳиш ёфтани сатҳи беморшавӣ ва фавт, инчунин таъмини амнияти эпидемиологӣ собит менамоянд, ки иммунизатсия воқеан наҷотдиҳандаи ҳаёт мебошад. Дар ин замина, иштироки фаъоли аҳолӣ дар барномаҳои эмгузаронӣ ва риояи тақвими миллии ваксинатсия омили муҳими ташаккули ҷомеаи солим ва рушди устувори кишвар маҳсуб меёбад.
Раҳмонбекова Н. С.
-ассистенти кафедраи беҳдошти муҳити зист