ИМКОНИЯТҲОИ МУОСИРИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ОМӮЗГОРОН ДАР ШАРОИТИ НАВИ ТАЪЛИМ

ИМКОНИЯТҲОИ МУОСИРИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ОМӮЗГОРОН ДАР ШАРОИТИ НАВИ ТАЪЛИМ

Дар шароити муосири ҷаҳони рушдёбанда, омӯзгорон бояд пайваста дар ҷустуҷӯи роҳҳои такмил ва инкишофи касбии худ бошанд. Танҳо дар ин сурат онҳо метавонанд бо ҷомеа ва системаи босуръати таҳсилот ҳамқадам бошанд. Муаллимони мактаб ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ки бо насли наврас сарукор доранд, бояд усулҳои муосири таълимро аз худ кунанд ва дар фаъолияти касбии худ амалӣ намоянд.

Таҳсилоти муосир ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки донишро самараноктар ва зудтар азхуд кунанд. Дар асри иттилоот ва технология, омӯзгорон набояд дар ҷои худ бипоянд. Балки бояд ҳамеша дар пайи худтакмилдиҳӣ бошанд. Ин раванд метавонад тавассути шаклҳои гуногуни омӯзиш амалӣ шавад — ҳам расмӣ ва ҳам ғайрирасмӣ. Масалан, иштирок дар курсҳо, семинарҳо, барномаҳои тахассусӣ, мубодилаи таҷриба, омӯзиш ва тренингҳо — ҳамаи ин воситаҳои муҳими такмили ихтисос ба ҳисоб мераванд.

Инчунин, мураббигӣ (менторинг), ҳамкорӣ бо ҳамкорон, банақшагирии муштарак, мушоҳидаи таҷрибаи ҳамсолон ва ташрифҳои омӯзишӣ ба дигар муассисаҳои таълимӣ метавонанд ба баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгор мусоидат намоянд.

Салоҳиятҳои омӯзгори муосир

Пеш аз баррасии салоҳиятҳои омӯзгор, зарур аст, ки мафҳуми "салоҳият" равшан карда шавад. Салоҳият маҷмӯи дониш, малака ва муносибатҳое мебошад, ки шахсро ба иҷрои бомуваффақияти вазифаҳои касбӣ қодир месозад. Дар соҳаи таълим, салоҳият ба таври васеъ истифода шуда, ба самтҳои зерин ҷудо карда мешавад:

1. Муошират ва малакаҳои байнишахсӣ

2. Ташкил ва банақшагирӣ

3. Идоракунии синф

4. Осонсозӣ ва ҷалби фаъолонаи донишҷӯён

5. Тренерӣ ва дастгирии касбӣ

6. Ҳамкорӣ ва кори дастаҷамъӣ

7. Ғамхорӣ ва фарогирии иҷтимоӣ

8. Мутобиқшавӣ ва чандирӣ ба тағйирот

Салоҳиятҳо метавонанд чен карда шаванд, зеро онҳо рафтори мушоҳидашаванда ва натиҷабахшро дар бар мегиранд. Салоҳият танҳо донистани маълумот нест, балки қобилияти татбиқи он дар шароити воқеӣ мебошад.

Самтҳои такмили ихтисоси омӯзгорон


10.09.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php