ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ -ВАЗИФАИ ИФТИХОРИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД
Дар доираи дастуру супоришҳо ва роҳнамоиҳои роҳбарияти кишвар бо мақсади ободониву поккории муҳити зист, аксияи дастамъона шанбегӣ ва гузаронидани корҳои ободонӣ ташкил ва гузаронида шуд. Ёдрас мешавем, ки дар робита бо тибқи дастури супориши ректори Донишгоҳ, профессор Муҳиддин Н.Д., ва директори Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ профессор Табариён Баҳром Сафар корҳои ободонӣ пайваста шанбегиҳо ва корҳои созандагӣ анҷом дода мешавад. Ин гуна чорабиниҳои дастаҷамъона роҳи хуби тарғиби тарзи ҳаёти солим ва муҳаббат ба табиати ватани азизамон ба шумор рафта, силсилаи иқдомҳо дар ин самт мунтазам идома хоҳанд ёфт.
Саломатӣ асосӣ некӯаҳволии инсоният аст, маҳз бо тоза нигоҳ доштани кӯчаву роҳравҳо мо метавонем аз ҳар гуна касалиҳои номатлуб худро ва халқӣ азизамонро эмин нигоҳ дорем. Саломатӣ ин тани солим ва маҷмӯи сифатҳои ҷисмонӣ ва маънавии одам аст,ки барои татбиқи нақшаҳои эҷодӣ ва меҳнати сермаҳсули ӯ ба манфиати ҷамъият шарт ва зарур аст.
Маъмурияти Пажӯҳишгоҳ