ИФТИТОҲИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲ
30 октябри соли 2026 дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» конференсияи 74-уми солонаи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ: марҳилаҳои нави илм ва амалияи тиб», бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид.
Конференсия бо ташаббуси Донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи якуми давлатии тиббии Санкт-Петербург ба номи академик И.П. Павлов ва Донишкадаи давлатии тиббии Бухоро ба номи Абуалӣ ибни Сино ташкил гардида, олимон, муҳаққиқон, омузгорон, табибон ва намояндагони муассисаҳои илмию тиббии дохилию хориҷиро ба ҳам овард.
Қобили зикр аст, ки дар конференсия намояндагон аз кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорусия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, ИМА, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок менамоянд. Дар кори конференсия зиёда аз 1600 фишурдаҳо пешниҳод гардида, 305 маърузаи илмӣ шунида хоҳад шуд.
Дар маросими ифтитоҳи конференсия масъалаҳои рушди илми тиб, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар низоми тандурустӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои муосир истифодаи зеҳни сунъӣ, низомҳои иттилоотии тиббӣ ва усулҳои рақамии ташхису табобат ба яке аз самтҳои афзалиятноки пешрафти соҳаи тандурустӣ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, тақвияти таҳқиқоти илмӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва ҷорӣ намудани дастовардҳои инноватсионӣ дар амалияи клиникӣ аҳаммияти махсус дорад.
Дар ҷаласаи пленарии конференсия ректори донишгоҳ, доктори илмҳои тиб, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ дар мавзуи «Ампутатсия ва экстирпатсияи бачадон ҳангоми миомаи бачадон бо усули эндовидеолапароскопӣ» маъруза намуд.
Ҳамчунин, профессор Алиризо Золӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон масъалаҳои ташхис ва табобати маҷмуии глиобластомаро баррасӣ намуда, профессор Александр Кулагин аз Федератсияи Русия доир ба ҷанбаҳои муосири пайвандсозии ҳуҷайраҳои хунсоз ва дурнамои ҳамгироии онҳо бо генотерапия суханронӣ кард. Профессор Ҷавлӣ Султонов бошад, дар бораи таърихи ташаккул ва дастовардҳои муосири флебология дар Тоҷикистон маъруза пешниҳод намуд.
Конференсия барои муаррифии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, мубодилаи таҷрибаи мутахассисон ва баррасии роҳҳои татбиқи технологияҳои пешрафта дар илми тиб заминаи мусоид фароҳам овард.
Баргузории чунин чорабинии сатҳи байналмилалӣ дар соли таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи рушди иқтидори илмии донишгоҳ ва таҳкими мавқеи он дар фазои байналмилалии таҳсилот ва илми тиб мебошад.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА