ИФТИХОРИ ДОНИШГОҲ: ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ДОКТОРАНТИ КАФЕДРАИ УРОЛОГИЯ БА НОМИ ПРОФЕССОР ОСИМӢ А.С. ДАР САТҲИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ИФТИХОРИ ДОНИШГОҲ: ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ДОКТОРАНТИ КАФЕДРАИ УРОЛОГИЯ БА НОМИ ПРОФЕССОР ОСИМӢ А.С. ДАР САТҲИ ҶУМҲУРИЯВӢ

24-уми апрели соли 2026, дар маросими тантанавии ҷоизасупории ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба ифтихори «Рӯзи илми тоҷик», докторанти кафедраи урология ба номи профессор Осимӣ А.С. бо натиҷаи назаррас шарафи Донишгоҳро ҳифз намуд.

Дар чорабиние, ки бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор гардид, беҳтарин олимон ва муҳаққиқони кишвар қадрдонӣ шуданд.

Боиси ифтихори баланди ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраи мо аст, ки дар озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон», докторанти PhD аз рӯи ихтисос (соли 3-юм)- и кафедраи урология ба номи профессор Осимӣ А.С. - Хушвахтов Умедҷон Маҳмадқулович сазовори ҷойи 2-юм гардид.

Ин дастоварди илмӣ натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ, ҷустуҷӯйҳои пайваста дар соҳаи урология ва сатҳи баланди омодагии илмии муҳаққиқ мебошад. Ғолиб дар вазъияти тантанавӣ бо диплом, ҷом ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуд.

Ҳайати кафедраи урология ба номи профессор А.С. Осимӣ Хушвахтов Умедҷонро бо ин пирӯзии дурахшон самимона табрик намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдаи илмию тадқиқотӣ, кашфиёти нав ва фатҳи қуллаҳои баланди илми тиб муваффақиятҳо орзу менамояд.

Боварии комил дорем, ки чунин ҷавонони лаёқатманди кафедра дар оянда низ бо дастовардҳои худ дар рушди илми урологияи ватанӣ ва муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзанда мегузоранд.

 

КАФЕДРАИ УРОЛОГИЯ БА НОМИ ПРОФЕССОР ОСИМӢ А.С.


29.04.2026 6

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php