ИДИ МЕҲРГОН - ҶАШНИ МЕҲР АСТ

ИДИ МЕҲРГОН - ҶАШНИ МЕҲР АСТ

21 октябри соли 2026 дар кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетикаи ба номи профессор Бердиев Н.Б. бо иштироки донишҷӯёни курси якуми факултети тиббӣ, гурӯҳҳои куратории № 4, 5 ва 10 чорабинии тарбиявию фарҳангӣ таҳти унвони «Иди Меҳргон - ҷашни меҳр аст» баргузор гардид.

Ҳадафи чорабинӣ арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик, эҳёи анъанаҳои неки ниёгон, таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳру муҳаббат ва эҳтиром ба мероси фарҳангӣ арзёбӣ гардид.

Зимни чорабинӣ донишҷӯён бо маърузаҳои пурмуҳтаво, қироати шеърҳо ва иҷрои сурудҳои идона баромад намуда, доир ба таърихи пайдоиш, анъанаҳои таҷлил ва аҳамияти фарҳангию маънавии ҷашни Меҳргон андешаҳои худро баён карданд.

Таъкид гардид, ки Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои миллии тоҷикон буда, рамзи фаровонӣ, ҳосилғундорӣ, меҳру муҳаббат, дӯстӣ ва қадршиносии заҳмати инсон ба шумор меравад. Ин ҷашни бостонӣ дар тӯли таърих ҳамчун таҷассумгари пирӯзии некӣ бар бадӣ, адолат бар зулм ва рӯшноӣ бар торикӣ шинохта шудааст.

Ҳамзамон, зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҷашни Меҳргон ҳамчун ҷузъи муҳими мероси фарҳангии миллӣ эҳё гардида, таҷлили он дар таҳкими ҳувияти миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои ниёгон ва тарғиби фарҳанги меҳнатдӯстӣ нақши муҳим дорад.

Чорабинӣ дар фазои идона ва рӯҳияи баланди фарҳангӣ баргузор гардида, ба баланд бардоштани маърифати таърихию фарҳангӣ ва таҳкими ҳисси худшиносии миллии донишҷӯён мусоидат намуд.

 

 

Кафедраи биологияи тиббӣ бо асосхои генетика ба номи профессор Бердиев Н.Б.


22.10.2026 2

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php