Иқдоми нек дар арафаи Ҷашни Истиқлол
Душанбе, 7-уми сентябр. Дар арафаи ҷашни муқаддаси миллӣ - Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино иқдоми тозагии муҳити зист роҳандозӣ гардид.
Тибқи анъанаи нек, ки дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии бевоситаи роҳбарияти шаҳри Душанбе пайваста амалӣ карда мешавад, кормандону устодони Донишгоҳ бо роҳбарии ректори Донишгоҳ, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ, дар ин иқдом фаъолона ширкат варзиданд.
Масири тозакунӣ минтақаи соҳилии хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ва атрофи бинои Донишгоҳро дар бар гирифта, кормандон бо масъулият ва ҳисси баланди ватандӯстӣ ба поксозии муҳити зист саҳм гузоштанд.
Ректори Донишгоҳ профессор Муҳиддин Нуриддин зимни суҳбат бо кормандон таъкид намуданд, ки риояи тозагӣ яке аз ҳадафҳои асосии роҳбарияти Донишгоҳ аст: “Тозагӣ сарчашмаи ободӣ, озодӣ ва пешрафт аст. Маҳз бо заҳмати самимии инсон муҳит тозаву озода мемонад ва зиндагии солиму мутаносиб таъмин мегардад. Нигоҳдории муҳити зист, ҳифзи табиат ва гирду атрофи шаҳр танҳо як амали ахлоқӣ нест, балки масъулияти шаҳрвандии ҳар яки мост.”
Ректори Донишгоҳ ҳамзамон таъкид намуданд, ки саҳм гузоштан дар ободонии Ватан, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлол вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди худшиносу солимфикр мебошад.
Иқдомҳои тозагӣ ва ободонӣ дар остонаи ҷашнҳои миллӣ на танҳо муҳити зистро беҳтар месозанд, балки ҳисси масъулиятшиносӣ ва меҳру муҳаббат ба Ватанро дар қалби шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, тақвият мебахшанд.