ГУЗОРИШ АЗ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ЗАНОНУ ДУХТАРОНИ ДОНИШГОҲ ВА БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ “ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ”
Санаи 14-уми апрел дар Донишгоҳ ҷаласаи Шурои занону духтарон бо иштироки раисони занони кафедраҳои донишгоҳ баргузор гардид.
Ҷаласаро раиси Шурои занону духтарони Донишгоҳ Амонзода С. Б. ифтитоҳ намуда, доир ба фаъолияти занону духтарони донишгоҳ суханронӣ кард. Зимни баромад қайд гардид, ки бонувони донишгоҳ дар самти рушди илми тибби тоҷик саҳми назаррас дошта, бо дастовардҳои илмӣ ва таҳқиқоти худ дар пешрафти соҳа нақши муҳим мебозанд.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки занону духтарони донишгоҳ дар татбиқи сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи роҳбарияти олии сиёсии мамлакат фаъолона иштирок намуда, дар самтҳои рушди фарҳанг, таҳкими арзишҳои миллӣ, пешгирии бегонапарастӣ ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия саҳми арзанда мегузоранд.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои марбут ба таҳкими фаъолияти Шуро, баланд бардоштани нақши занон дар муҳити академӣ ва густариши корҳои тарбиявӣ баррасӣ гардиданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ аксияи фарҳангиву маърифатии “Тоҷикона мепӯшем” баргузор гардид, ки ҳадафи он тарғиби либоси миллӣ, эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ ва тақвияти ҳисси ватандӯстӣ миёни занону духтарон мебошад.
Ҷаласа дар фазои созанда ва рӯҳияи баланди масъулиятшиносӣ баргузор гардида, бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст шуд.
ШУРОИ ЗАНОНУ ДУХТАРОНИ ДОНИШГОҲ