ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШГОҲ БО МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ТИББИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШГОҲ БО МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ТИББИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

Дар доираи рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳкими робитаҳои илмию таълимӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ ва ҳайати ҳамроҳашон дар шаҳри Ижевски Федератсияи Русия бо сафари хизматӣ қарор доранд.

Дар солҳои охир ҳамкориҳои Донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ ва илмии Федератсияи Русия марҳила ба марҳила густариш ёфта, самтҳои гуногуни фаъолияти таълимию илмӣ, табодули академӣ, рушди малакаҳои касбии мутахассисон ва ҳамкориҳои табобатию клиникиро фаро мегиранд. Дар доираи ин ҳамкориҳо барои табодули таҷрибаи омӯзгорон, муҳаққиқон ва донишҷӯён, таҳкими робитаҳои илмӣ, татбиқи ташаббусҳои муштарак ва истифодаи таҷрибаи пешқадами муассисаҳои тиббӣ ва таълимии ҳар ду кишвар имкониятҳои бештар фароҳам оварда мешаванд.

Зимни сафари хизматӣ дар шаҳри Ижевск ректори Донишгоҳ ва ҳамроҳонашон бо фаъолияти Академияи тиббии шаҳри Ижевск шинос шуданд. Дар ҷараёни боздид масъалаҳои марбут ба ташкили раванди таълим, фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисоси тиббӣ, истифодаи усулҳои муосири таълим ва табобат, инчунин таҷрибаи муассиса дар самти ҳамгироии илм, маориф ва амалияи тиббӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин, дар рафти вохӯриҳо дурнамои густариши ҳамкориҳои байни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва Академияи тиббии шаҳри Ижевск баррасӣ гардид. Аз ҷумла, рушди табодули академӣ, таҳкими робитаҳои илмӣ, баргузории чорабиниҳои муштараки илмӣ, табодули таҷрибаи омӯзгорону мутахассисон ва фароҳам овардани заминаҳои нави ҳамкорӣ дар самтҳои таълим, илм ва фаъолияти клиникӣ аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои минбаъда арзёбӣ шуданд.

Сафари мазкур дар таҳкими робитаҳои байналмилалии Донишгоҳ, шиносоӣ бо таҷрибаи муассисаҳои пешрафтаи тиббии Федератсияи Русия ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкориҳои мутақобилан судманд аҳаммияти муҳим дошта, барои рушди минбаъдаи фаъолияти таълимию илмӣ ва клиникии Донишгоҳ заминаи мусоид фароҳам меорад.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


5
4
3
2
1
23.09.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php