ГИРОМИДОШТИ ТАЪРИХ ВА ТАРБИЯИ ҲИССИ ВАТАНДӮСТӢ

ГИРОМИДОШТИ ТАЪРИХ ВА ТАРБИЯИ ҲИССИ ВАТАНДӮСТӢ

Дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи № 1 бо иштироки донишҷӯёни курси 4-уми факултети тиббӣ (гурӯҳҳои 59, 60, 61, 62, 63 ва 64) миниконфронсро таҳти унвони «Он ҷанг дар таърих ҳамто надошт..» баргузор гардид. Чорабинӣ дар фазои илмӣ ва ватандӯстона сурат гирифта, ба яке аз муҳимтарин воқеаҳои таърихӣ-Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шуд.

Дар рафти конференсия донишҷӯёни гурӯҳи 61, Ахмедов М., Зуфарзода С., Тураев Б., Хидирова Н. ва Чонмуродзода У. бо маърӯзаҳо ва презентатсияҳои ҷолиб баромад намуда, паҳлуҳои гуногуни ин ҷанги хунин ва таъсири он ба таърихи башариятро мавриди таҳлил қарор доданд.

Зикр гардид, ки Рӯзи Ғалаба, ки ҳамасола 9 май таҷлил мешавад, яке аз идҳои муҳими таърихӣ ва миллӣ ба шумор рафта, ба пирӯзии бузург дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шудааст. Ин ҷанг яке аз вазнинтарин ва хунинтарин рӯйдодҳои асри XX буда, миллионҳо одамон ҷони худро аз даст доданд. Бо вуҷуди ин, халқҳо бо иродаи қавӣ ва ваҳдати комил бар душман пирӯз гардиданд.

Таъкид шуд, ки ин ҷанг барои халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ санҷиши бузурги таърихӣ буд. Мардум на танҳо дар майдони ҷанг, балки дар ақибгоҳ низ бо тамоми неру заҳмат кашиданд. Занон, кӯдакон ва пиронсолон дар корхонаҳо ва саҳроҳо фаъолият намуда, артишро бо маводи зарурӣ таъмин мекарданд. Маҳз ҳамин фидокорӣ ва ваҳдат заминаи асосии пирӯзиро фароҳам овард.

Ҳамзамон, иштирокчиён иброз доштанд, ки Рӯзи Ғалаба имрӯз низ бо эҳтироми хоса таҷлил гардида, дар шаҳрҳо ва деҳаҳо чорабиниҳои гуногун аз ҷумла парадҳои ҳарбӣ, барномаҳои фарҳангӣ ва маросими гулгузорӣ баргузор мешаванд. Ин рӯз на танҳо иди шодӣ, балки рӯзи андеша ва дарси муҳимми таърих мебошад, ки арзиши сулҳ ва оромиро ба ёд меорад.

Дар анҷом таъкид гардид, ки насли ҷавон бояд таърихи худро хуб омузад ва ба корнамоиҳои гузаштагон арҷ гузорад. Зеро маҳз донистани таърих имкон медиҳад, ки хатогиҳои гузашта такрор нашаванд ва ҷомеаи ободу осоишта бунёд гардад.

Миниконфронс дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ҷамъбаст гардида, ба иштирокчиён бори дигар аҳамияти ҳифзи сулҳ, ваҳдат ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва таърихиро хотиррасон намуд.


01.05.2026 6

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php