ФУТБОЛ - ОМИЛИ ВАҲДАТУ СОЛИМГАРДОНИИ ҶАВОНОН

ФУТБОЛ - ОМИЛИ ВАҲДАТУ СОЛИМГАРДОНИИ ҶАВОНОН

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии футбол дар шаҳри Душанбе миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди пойтахт мусобиқаи футболи дӯстона барои дарёфти Ҷоми ҶДММ «Ориён» баргузор гардида истодааст. Мусобиқа бо иштироки дастаҳои пурқувват дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён дошта, санаи 17 май ҷамъбаст хоҳад гардид.

Боиси ифтихор аст, ки ҳайати дастаи Донишгоҳ таҳти роҳбарии муаллими калони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ Бобоҷонов В. А. баромади хуб нишон дода, ба даври нимниҳоии мусобиқа роҳхат ба даст оварданд. Варзишгарони Донишгоҳ дар ҳар бозӣ маҳорати баланд, иродаи қавӣ ва ҳисси ватандӯстиву масъулиятшиносиро нишон дода, шарафи муассисаро ҳимоя менамоянд.

Бояд таъкид намуд, ки баргузории чунин мусобиқаҳо дар доираи сиёсати варзишпарваронаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстии ҷавонон ва баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ аҳамияти муҳим дорад. Имрӯз футбол ҳамчун яке аз варзишҳои маъруф ҷавононро ба муттаҳидӣ, рақобати солим ва эҳтироми арзишҳои миллӣ ҳидоят менамояд.

Ба ҳайати дастаи Донишгоҳ дар даври минбаъдаи мусобиқа барору муваффақият орзу намуда, умед дорем, ки онҳо бо натиҷаҳои назаррас боз ҳам обрӯи муассисаро баланд мебардоранд.


13.05.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php