Руҳатон шод бод устодону кормандони азиз!
Раёсат, Шӯрои олимон ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони Муассисаи давлатии таълимии «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» аз вафоти мудири кафедраи беҳдошти муҳити зист, профессор
ДАБУРОВ КОМИЛ НИЗАМОВИЧ
сахт андуҳгин буда, ба аҳли оилаи марҳум аз даргоҳи илоҳӣ сабри ҷамил хоҳонанд.
Муфассал
Дабуров Комил Низамович 23.04.1948 дар шаҳри Қурғонтеппа таваллуд шуда, соли 1973 факултети санитарию беҳдоштии Донишка-даи тиббии шаҳри Донетски Украинаро хатм намудааст. Дар оғози фаъолияти меҳнатии худ Дабуров К.Н. муддати беш аз бист сол барои рушду нумӯи хадамоти санитарию эпидемиологӣ дар шаҳрҳои Қурғонтеппа ва Душанбе меҳнати садоқатмандона кардааст. Аз соли 1976 то соли 1979 дар аспирантураи рӯзонаи кафедраи беҳдошти уму-мии Донишкадаи давлатии тиббии 2-юми шаҳри Москва ба номи Н.И. Пирогов таҳсил намудааст. Соли 1980 устоди зиндаёд рисолаи номзадиро мавзӯи «Асосноккунии беҳдошти истифодаи инсектит-сидҳои бактериявии Bac. thuringiensis дар кишоварзӣ» ҳимоя намуда-аст. Баъди хатми аспирантура Дабуров К.Н. дар Стантсияи санита-рию эпидемиологии ҷумҳуриявӣ ба сифати духтури санитарӣ, сарэпи-демиологи раёсати тандурустии ш.Душанбе, сардухтури Стантсияи дезинфексионии шаҳри Душанбе фаъолият кардааст. Аз соли 1985 шурӯъ намуда, Дабуров К.Н. фаъолияти касбии худро пурра дар До-нишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба тарбияи мутахассисони ҷавон бахшида, солҳои тӯлонӣ барои тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ, эпидемиология ва гигиена саҳми босазо гузоштааст. Дабуров К.Н. тавассути меҳнату заҳматҳои зиёд ба мартабаҳои профессорӣ (аз соли 2000) ва мудирии кафедраи беҳдошти муҳити зисти донишгоҳ (аз соли 1998) расидааст. Соли 1998 рисолаи докториро дар мавзӯи «Ҷанбаҳои беҳдоштӣ ва экологии истифодаи васоити микробиологии ҳифзи рустаниҳо дар за-минаи Bac. thuringiensis дар соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бомуваффақият дифоъ намудааст. Ҳамчун декани факултаи факултаи нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ (солҳои 2001-2005) аз худ қобили-яти баланди ташкилотчигӣ зоҳир намуда, дар пешрафти ин самтҳои фаъолияти донишгоҳ саҳми босазо гузоштаанд.
Дабуров К.Н. ҳамчун олими соҳа низ шахси муваффақ буда, беш аз 300 таълифоти илмӣ, 2 монография, 4 китоби дарсӣ, 28 тавсия ва дастурҳои методиаш нишонаи фаъолияти пурсамари ӯ дар ҷодаи илм маҳсуб меёбанд. Зери роҳбарии шодравон 3 нафар рисолаҳои докторӣ ва 9 нафар рисолаҳои номзадии худро дифоъ намудаанд.
Хизматҳои бисёрсолаи бе нуқсони Комил Низамович бо муко-фоти соҳавии «Аълочии тандурустии СССР» ва дигар мукофоту иф-тихорномаҳо қадрдонӣ гаштаанд.
Ёди Дабуров Комил Низамович ҳамчун як устоди собиқадор, олим ва ташкилотчии шинохта, шахси ҳалиму меҳрубон ва поквиҷдон абадӣ дар дилу хотироти аҳли раёсати донишгоҳ, ҳайати профессоро-ну омӯзгорон ва шогирдон нақш хоҳад баст.
Марги соҳибдил ҷаҳонеро далели кулфат аст,
Шамъ чун хомӯш гардад, доғи маҳфил мешавад.
Раёсат, Шӯрои олимон ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони Муассисаи давлатии таълимии «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» аз фавти мудири кафедраи ҷарроҳии кӯдакона, профессор
СУЛТОНОВ ШЕРАЛӢ РАҲМОНОВИЧ
сахт андуҳгин буда, ба аҳли оилаи марҳум изҳори тасаллият менамоянд.
Муфассал
Султонов Шералӣ Раҳмонович 8-уми апрели соли 1969 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Соли 1996 баъди хатми До-нишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино, солҳои 1996-1997 марҳилаи интернатураро дар кафедраи ҷарроҳии кӯдаконаи Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон гузаштааст. Дар давоми солҳои 1997-2000 духтури ҷарроҳи кӯдаконаи шӯъбаи ҷарроҳии септикии кӯдаконаи Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъдан солҳои 2000-2007 мудири шӯъбаи ҷарроҳии таъҷилии кӯдаконаи маркази зикр-шуда ва солҳои 2007-2010 мудири шӯъбаи ҷарроҳии узвҳои қафаси сина ва шиками кӯдаконаи Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз соли 2010 то фавт вазифаи му-дири кафедраи ҷарроҳии кӯдаконаи МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино»-ро ба уҳда дошт.
Рисолаи номзадиашро соли 2005 аз рӯи мавзӯи «Усули табобати кистаҳои устухон» ва рисолаи докториро бошад соли 2011 доир ба мавзӯи «Ташхиси болинӣ ва муолиҷаи остеомиелити хунзоди мумз-мин дар кӯдакон» дифоъ намудааст.
Хизматҳои софдилонаи Шералӣ Раҳмонович бо мукофотҳои соҳавии «Аълочии тандурустии Тоҷикистон ва Ордени «Шараф» да-раҷаи II қадрдонӣ карда шудааст.
Султонов Ш.Р. ҳамчун олими соҳа муаллифи 3 китоби дарсӣ, 2 монография, 20 дастури таълимию методӣ, зиёда аз 250 мақолаҳои илмӣ, 10 ихтироот, ва 20 пешниҳоди навоварӣ. Зери роҳбарии ӯ 1 нафар рисолаи номзадии худро дифоъ намудааст. Узви ҷамъияти ҷарроҳон, беҳисгарон ва эҳёгарони кӯдакони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассосиатсияи ҷарроҳон, беҳисгарон ва эҳёгарони кӯдакони Россия буд.
Бо рафтани Султонов Шералӣ Раҳмонович соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ устод ва омӯзгорони пуртаҷриба, олим ва ҷарроҳи забар-дастро аз даст дод, ки дар тамоми солҳои ҳаёти пурбораш барои ҷомеаи ин кишвар маншаи хайру баракат ва самара буд.
Сабти номи хеш андар санги хоро шарт нест,
Зинда он номе, ки дар дилҳои мардум ҷо шавад.
Раёсат ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» аз вафоти дотсенти кафедраи стоматологияи ортопедӣ, н.и.т.
САБУРОВ САБУР КАРИМОВИЧ
сахт андуҳгин буда, ба аҳли оилаи марҳум ҳамдардии амиқ изҳор менамоянд.
Муфассал
Сабуров Сабур Каримович 1-уми январи соли 1965 дар ноҳияи Мастчоҳ таваллуд шудааст. Соли 1991 факултети стоматологии До-нишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Синоро бо ихтисоси духтур-стоматолог хатм намудааст. Солҳои 1991-1992 марҳилаи интернатураро дар дармонгоҳи стоматологии №3-и шаҳри Душанбе гузаштааст ва баъдан ҳамчун духтур-стоматолог то соли 1996 дар ҳамин дармонгоҳ фаъолият намудааст. Солҳои 1996-2008 ас-систент ва солҳои 2008-2009 ҳамчун мудири кафедраи стоматологияи ортопедии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино адои вазифа намудааст. Аз соли 2009 то соли 2015 дар вазифаи директории МТК «Стоматоло-гия»-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино фаъолият кардааст. Аз соли 2015 то рӯзҳои охири умр дар вазифаи дотсенти кафедраи стоматоло-гияи ортопедии донишгоҳ кору фаъолияти босамар намудааст.
Соли 2004 Сабуров С.К. дар мавзӯӣ «Аҳамияти ташхисӣ ва пешгӯии беҳдошти ҷавфи даҳон дар пешгирии бемории парадонт» ри-солаи номзадиашро дифоъ кардааст.
Хизматҳои софдилонаи Сабуров Сабур Каримович бо муко-фотҳои соҳавии «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ карда шудааст.
Сабуров С.К. ҳамчун олими соҳа муаллифи 2 китоби дарсӣ, зи-ёда аз 95 мақолаҳои илмӣ, 8 барномаи таълимӣ ва 20 дастури методӣ, узви раёсати Ассотсиатсияи стоматологҳои Тоҷикистон ва узви шӯрои таҳририяи маҷаллаи «Стоматологияи Тоҷикистон» буд.
Марги нобаҳангоми мутахассиси варзидаи соҳаи стоматология, олим ва устоди зиндаёд Сабуров Сабур Каримович, бешак талафоти гарон дар ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ мебошад ва хизматҳои шоёни ӯ хамеша дар лавҳи хотираҳо боқӣ хоҳад монд.
Мо намегӯем, ки ӯ аз дори дунё рафтааст,
Ҷои ӯ дар дида буд акнун ба дилҳо рафтааст.
Раёсат ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони Муассисаи давлатии таълимии «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» аз фавти ассистенти кафедраи бемориҳои дарунии №1, н.и.т.
СОЛИЕВ ФАТТО ГАППАРАЛИЕВИЧ
сахт андуҳгин буда, ба аҳли оилаи марҳум изҳори тасаллият менамоянд.
Муфассал
Солиев Фаттоҳ Гаппаралиевич 23-юми феврали соли 1963 дар ноҳияи Рудакӣ таваллуд шудааст. Соли 1990 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Синоро бо ихтисоси «Кори табобатӣ» хатм намудааст. Солҳои 1990-1993 ба ҳайси духтури муолиҷавӣ ва муовини сардухтури клиникаи Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон оид ба корҳои муолиҷавӣ фаъолият намудааст. Солҳои 1993-1997 дар вазифаи сардухтури клиникаи Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон фаъолият намуда-аст. Аз соли 1997 то соли 2005 ассистенти кафедраи бемориҳои дару-нии №1-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино буд. Баъдан фаъолияти худро дар клиникаи Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон давом дода давоми солҳои 2005-2008 сардухтур ва давоми солҳои 2008-2009 мудири шуъбаи муассисаи мазкур буд. Солиев Ф.Г. солҳои 2009-2010 ассистенти кафедраи бемориҳои дарунии №1 ва давоми солҳои 2010-2017 дар вазифаи мудири кафедраи варзиши муолиҷавӣ ва тибби шарқии ДДТТ ба номи Абӯалӣ фаъолият кардааст. Аз соли 2017 то ба рӯзи фавт ассистенти кафедраи бемориҳои дарунии №1 до-нишгоҳ буд.
Рисолаи номзадиашро соли 1997 дар мавзӯи «Вазъи тандурустии коргарони соҳаи истеҳсоли алюминий дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дифоъ намудааст.
Хизматҳои Солиев Фатто Гаппаралиевич бо мукофотҳои соҳа-вии «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар мукофо-ту ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шудааст.
Солиев Ф.П. ҳамчун олими соҳа муаллифи 1 китоби дарсӣ ва зиёда аз 70 мақолаҳои илмӣ мебошад.
Дар ҳақиқат, бо реҳлати Фаттоҳ Гаппаралиевич илми тиби ҷумҳурӣ як нафар табиби баландихтисос, олими дақикназару устоди ботадбирро аз даст додааст. Албатта, ин талафоти бузург аст, вале боиси тасаллии хотирҳо ин аст, ки ӯ фақат ҷисман бо мо хузур надо-рад. Аъмоли хайри ӯ, саҳми арзандааш дар тарбияи шогирдон ва пешрафти илми тиб ҳамеша бо мост.
Зиндаю ҷовид монд ҳар кӣ накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Раёсат ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» аз вафоти ассистенти кафедраи ҷарроҳии кӯдакона
САЙФУЛЛОЕВ ИМАТИХУДО ДОДОЕВИЧ
сахт андуҳгин буда, ба аҳли оилаи марҳум ҳамдардии амиқ изҳор менамоянд.
Муфассал
Сайфуллоев Иматихудо Додович санаи 7-уми июни соли 1952 дар деҳаи Мотравни ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Солҳои 1967-1970 дар омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб таҳсил кардааст. Баъди каме фаъолият ба сифати фелдшер, соли 1973 ба факултети педиатрии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, онро соли 1979 ба ихтисоси духтури пе-диатр хатм кардааст. Баъдан таҳсил дар интернатура аз рӯи ихтисоси ҷарроҳи кӯдакон. Фаъолияти минбаъдаи Сайфуллоев И.Д. ба сифати ҷар-роҳи кӯдакона дар Беморхонаи ҷумҳурии клиникии №3 (ҳоло Маркази миллии тиббӣ) вобаста мебошад, ки дар ин марказ ба сифати духтури ҷарроҳи кӯдакон ва мудири шӯъбаи торакоабдоминалӣ солиёни зиёд кор кардааст. Дар қатори табобатӣ беморон ва гузаронидани амали-ётҳои ҷарроҳии гуногунҳаҷм Сайфуллоев И.Д. дар тарбияи ҷарроҳони кӯдаконаи зиёд саҳми босазо гузоштааст. Инчунин ин мутахассиси варзида аз соли 2010 то вопасин лаҳзаҳои ҳаёт ҳамчун ассистенти ка-федраи ҷарроҳии кӯдакони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино низ фаъолияти пурсамар намудааст.
Иматихудо Додович барои шогир-дон, донишҷӯён ва табибони ҷавон намунаи ибрат буд ва ҳамеша ба-рои баланд бардоштани сатҳи дониши назариявию амалии онҳо дасти ёрӣ дароз менамуд.
Ҳамагон шогирдону ҳамкорон ва донишҷӯён дигарбора дареғ хоҳанд хӯрд ва хоҳанд гуфт, ки ин ҷарроҳи чирадаст ва марди соҳибназару нексиришт барои ҳамешагӣ ин ҷахонро тарк кардааст.
Ёдаш ба хайр!
Чун ба гетӣ ҳар кӣ меояд, равон хоҳад гузашт,
Хуррам он кас, к-ӯ накуном аз ҷаҳон хоҳад гузашт.
Раёсат ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» аз вафоти лаборанти Маркази ташхисию табобатии донишгоҳ
УЗБЕКОВА МАХФИРАТ САИДОВНА
сахт андуҳгин буда, ба аҳли оилаи марҳум ҳамдардии амиқ изҳор менамоянд.
Раёсат ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони Муассисаи давлатии таълимии «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» аз фавти муаллими калони кафедраи беҳдошти муҳити зист
ВОҲИДОВ ҒАФОР
сахт андуҳгин буда, ба аҳли оилаи марҳум изҳори тасаллият менамоянд.
Муфассал
Воҳидов Ғаффор Абдураҳмонович 18-уми июли соли 1940 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Ӯ соли 1959 омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Хуҷандро хатм намуда, тибқи роҳхат дар осоишгоҳи «Ҳаво-тоғ» фаъолият кардааст. Баъдан солҳои 1960-1961 дар дармонгоҳи шаҳри Хуҷанд ба ҳайси фелдшеркор кардааст. Солҳои 1962-1965 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар флоти баҳрии уқёнуси Ором дар шаҳри Владивосток ҳамчун фелдшери калон хизма-ти ватанро адо намудааст. Воҳидов Ғ.А. соли 1971 факултети муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм кардааст. Солҳои 1971-1973 ординатори клиникии кафедраи бемориҳои дарунӣ ва ҳамзамон котиби комсомолии факултети муолиҷавии ДДТТ ба но-ми Абӯалӣ ибни Синоро ба ӯҳда дошт. Баъди хатми ординатураи клиникӣ давоми солҳои 1973-1975 сардухтури санатория-профилакторияи донишгоҳ буд. Баъдан солҳои 1975-1976 ба ҳайси му-дири шуъбаи Маркази ҷумҳуриявии илмии хун ифои вазифа намуда-аст. Воҳидов Ғ.А. аз соли 1976 то соли 1991 ҳамчун сардухтури Бемор-хонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии пойтахт фаъолият намудааст. Солҳои 1990-1992 ҷонишини директории генералӣ оид ба корҳои табобатии иттиҳодияи илмию-истеҳсолии «Согдиана-Медикэл», ва солҳои 1992-1993 ҷонишини раиси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон буд. Тӯли солҳои 1993-2000 фаъолияти худро дар вазифаҳои пурмасъули сармутахассис, мушовир ва сармушовири Ку-митаи Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тандурустӣ ва эко-логия давом додааст. Баъдан устоди шодравон аз соли 2000 то соли 2011 ба сифати табиб дар КВД «Ширкати Алюминии Тоҷик» кор кардааст. Аз соли 2011 то охирин рузҳои ҳаёт дар кафедраи беҳдошти муҳити зисти ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун муаллими ка-лон фаъолияти пурсамар намудааст.
Дар баробари таълиму тадриси донишҷӯён устоди зиндаёд Ғаф-фор Абдураҳмонович оид ба беҳдошти экологӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, тарбияи ватандӯстӣ, шомил нагардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, саҳми Абӯалӣ ибни Сино ва ди-гар олимони гузашта дар пешрафти илми тиб мақолаҳои зиёд ба чоп расонидааст.
Барои хизматҳои шоён дар соҳаи тандурустӣ Воҳидов Ғ.А. бо ордени «Дӯстии халқҳои СССР», «Аълочии тандурустии СССР», ун-вони «Корманди шоистаи Тоҷикистон», ифтихорномаҳо ва сарфароз-номаи Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қардонӣ гардида-аст. Устод соли 2019 дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино «Мураб-бии сол» дониста шуд.
Афсӯс, ки мо дигар Ғаффор Абдураҳмонович дар кафедра ва ҳуҷраи дарсиаш дар ҳалқаи донишҷӯён ва шогирдони намебинем. Ӯ дар синаҳо доғе гузошту рафт. Вале ёди ӯ дар дили ҳамкорон, шогир-дон, дӯстон ва пайвандон, онҳое, ки ақаллан як бор аз сӯҳбатҳои устод баҳравар гардидаанд, боқӣ хоҳад монд.
Баъд аз вафот турбати мо дар замин маҷӯй,
Дар синаҳои мардуми ориф макони мост.