ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ДАР ПАРТАВИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ (БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ)

ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ДАР ПАРТАВИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ (БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ)

Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Истиқлоли давлатӣ на танҳо оғози марҳилаи нави рушди сиёсиву иқтисодӣ, балки заминаи воқеии эҳёи фарҳанги миллӣ, худшиносии таърихӣ ва таҳкими арзишҳои маънавии ҷомеа гардид. Дар тӯли сию панҷ соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати фарҳангиро ҳамчун яке аз самтҳои калидии рушди давлат ва ҷомеа муайян намуда, барои ҳифзу рушди мероси фарҳангӣ, эҳёи суннатҳои миллӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи маънавии шаҳрвандон заминаҳои устувори ҳуқуқиву ташкилӣ фароҳам овард.

Фарҳанги миллӣ дар ҳама давру замон омили муҳими бақои миллат, воситаи ҳифзи ҳувияти миллӣ ва пойдории давлатдорӣ ба шумор меравад. Таҷрибаи таърихӣ собит намудааст, ки ҳар миллате, ки фарҳанги худро ҳифз ва рушд медиҳад, метавонад арзишҳои миллиро ба наслҳои оянда интиқол дода, мавқеи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ устувор гардонад. Барои халқи тоҷик, ки соҳиби таърихи чандҳазорсола ва тамаддуни ғанӣ мебошад, фарҳанг на танҳо мероси гузашта, балки василаи муҳими рушди ҷомеаи муосир ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ мебошад.

Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи эҳёи арзишҳои миллӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Дар давраи солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, сарфи назар аз мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва паёмадҳои ҷанги шаҳрвандӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ тадбирҳои муассир андешид. Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳияи барномаҳои давлатӣ оид ба рушди фарҳанг, ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, эҳёи ҷашнҳои миллӣ ва рушди фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ аз ҷумлаи иқдомҳое мебошанд, ки барои таҳкими пояҳои фарҳанги миллӣ мусоидат намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки фарҳанг омили асосии ҳастии миллат ва кафили бақои давлат мебошад. Ин андеша имрӯз ба яке аз принсипҳои муҳими сиёсати фарҳангии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Бо ташаббуси Сарвари давлат даҳҳо ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангӣ дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил гардида, симои тамаддуни тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ шуд. Таҷлили солгарди шахсиятҳои барҷастаи илму адаб, аз ҷумла Имоми Аъзам, Ҷалолиддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ ва дигар чеҳраҳои маъруф, инчунин баргузор намудани ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон барои эҳёи худшиносии миллӣ ва таҳкими ифтихори ватандорӣ саҳми назаррас гузоштанд.

Яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлол эҳёи тарзи ҳаёти миллӣ ҳамчун унсури муҳими фарҳанги ҷомеа мебошад. Тарзи ҳаёти миллӣ маҷмӯи арзишҳо, урфу одатҳо, расму ойинҳо, ахлоқи иҷтимоӣ, муносибат ба оила, меҳнат, илму дониш ва фарҳанги муоширатро дар бар мегирад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ маҳз нигоҳдории ҳамин арзишҳо барои ҳифзи ҳувияти миллӣ аҳаммияти хосса пайдо кардааст. Аз ин рӯ, рушди фарҳанги миллӣ бояд дар ҳамоҳангӣ бо талаботи ҷомеаи муосир ва равандҳои ҷаҳонӣ амалӣ гардад.

Имрӯз масъалаи фарҳанги миллӣ танҳо бо ҳифзи анъанаҳо маҳдуд намешавад. Он пеш аз ҳама, ташаккули ҷаҳонбинии шаҳрвандӣ, тарбияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун, баланд бардоштани фарҳанги сиёсӣ, маънавӣ ва ҳуқуқии ҷомеаро низ фаро мегирад. Маҳз ҳамин омилҳо барои ташаккули ҷомеаи шаҳрвандии пешрафта ва давлати ҳуқуқбунёд аҳаммияти калидӣ доранд. Дар ин раванд муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва фарҳангӣ нақши муайянкунанда доранд. Омӯзиши таърихи миллат, адабиёти классикӣ, фарҳанги миллӣ ва мероси маънавии ниёгон дар ташаккули шахсияти ватандӯст ва худшинос саҳми муассир мегузорад.

Дар баробари ин, рушди фарҳанги миллӣ имрӯз бо як қатор таҳдидҳои нав низ рӯ ба рӯ мебошад. Равандҳои ҷаҳонишавӣ, густариши фазои иттилоотӣ, таъсири фарҳанги оммавии бегона, коҳиши таваҷҷуҳи ҷавонон ба баъзе арзишҳои суннатӣ ва истифодаи ғайримақсадноки шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд ба фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонанд. Аз ин рӯ, таҳкими сиёсати фарҳангӣ, баланд бардоштани маърифати фарҳангии ҷавонон, тарғиби арзишҳои миллӣ тавассути воситаҳои ахбори омма ва технологияҳои рақамӣ ба яке аз вазифаҳои муҳим табдил ёфтааст.

Дар ин замина нақши илм низ муҳим мебошад. Таҳқиқоти илмӣ дар самти фарҳангшиносӣ, ҷомеашиносӣ ва таърих имкон медиҳанд, ки равандҳои ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ аз дидгоҳи илмӣ таҳлил гардида, роҳҳои мутобиқсозии арзишҳои миллӣ ба талаботи ҷомеаи муосир пешниҳод шаванд. Аз ҷумла, омӯзиши масъалаҳои марбут ба тарзи ҳаёти миллӣ дар шароити соҳибистиқлолӣ нишон медиҳад, ки фарҳанги миллӣ на падидаи тағйирнопазир, балки низоми зинда ва рушдёбанда мебошад, ки дар ҳамоҳангӣ бо пешрафти ҷомеа такмил меёбад. Ҳифзи асолати миллӣ дар баробари истифодаи дастовардҳои илму техника ва технологияҳои муосир муҳимтарин шарти рушди устувори ҷомеа мебошад.

Дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонон ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа мавқеи хос доранд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани фарҳанги миллӣ ва худшиносии ҷавонон яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ мебошад. Тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯст, дорои фарҳанги баланд ва эҳтиромгузор ба арзишҳои миллӣ кафолати рушди минбаъдаи давлат ва ҷомеа мебошад.

Дар шароити рушди босуръати ҷаҳон фарҳанги миллӣ бояд на танҳо воситаи ҳифзи мероси гузашта, балки сарчашмаи эҷоди арзишҳои нави миллӣ бошад. Маҳз ҳамгироии суннат ва навоварӣ метавонад рушди устувори фарҳанги тоҷикро таъмин намояд. Ин раванд аз ҳар як шаҳрванд эҳсоси баланди масъулият, худшиносии миллӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти фарҳангии ҷомеаро талаб менамояд.

Ҳамин тавр, таҷрибаи сию панҷ соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки фарҳанги миллӣ яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ ва заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ мебошад. Сиёсати фарҳангии давлат таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи арзишҳои миллӣ, ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди ҷомеаи муосири тоҷик шароити мусоид фароҳам овардааст. Дар оянда низ рушди фарҳанги миллӣ ҳамчун сармояи стратегӣ ва кафили пойдории Истиқлоли давлатӣ аҳаммияти калидии худро нигоҳ дошта, дар таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва пешрафти давлати тоҷикон нақши ҳалкунанда хоҳад дошт.

Сафарзода М. Ҷ.-муаллими калони кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ


15.07.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php