ЭЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ БА ҲАРФИ СУЛҲ.....

ЭЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ БА ҲАРФИ СУЛҲ.....

(БА ИСТИҚБОЛИ 29-СОЛАГИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ҚАБУЛИ ҚАТЪНОМАИ СММ ОИД БА ТАШАББУСИ НАВБАТИИ ҶОНИБИ ТОҶИКИСТОН ТАҲТИ УНВОНИ “ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА, СОЛҲОИ 2027-2036”)

Ваҳдат, сулҳ, истиқлол маҳз ин калимаҳое мебошанд , ки дар зиндагӣ мақсаду мароми ҳар як шахсро инъикос менамояд. Бояд зикр намуд,ки вожаи “ваҳдат” ифодакунандаи ягонагӣ буда ва ин мафҳум аз ҷониби фарҳангшиносони маъруфи гузашта ин тавр шарҳ ёфтааст, яъне дар луғатҳои қадим “Ғиёсуллуғот ”,”Чароғи ҳидоят”, “Бурҳони қотеъ”, “Мунтахабуллуғот” ва дигар луғатҳои форсӣ-тоҷикӣ асли зодбуми истилоҳи ваҳдат арабӣ буда, аз калимаи “воҳид”, “аҳад” гирифта шуда ва ба маънии “як будан”, “ягона будан”, “ягонагӣ” истифода бурда мешавад.

Ваҳдат пеш аз ҳама аз оила оғоз меёбад. Ваҳдати миллӣ ҳамон гоҳ умуми миллӣ мегардад,ки агар он аҳли тамоми халқҳои ҳамватанро новобаста ба миллаташон аз рӯйи манфиати умумимиллию давлатӣ фаро гирифта, мардумони кишвар ва хусусан ҷавононро бо дарки ҳувияти шаҳрвандию ҳамватанӣ доштан ва аҳли як фазои узви ҷомеаи сермиллати ҷумҳурӣ буданашон онҳоро ба ҳамраъйиву ҳамбастагӣ ва ягонагию ваҳдати миллӣ расонад. Таърихи тамаддуни башарӣ борҳо исбот намудааст,ки фарҳанги сулҳ,дӯстӣ,ягонагӣ беҳтарин неъмат ва волотарин   дастоварди миллати тоҷик мебошад ва халқи мо рисолати инсондӯстию сулҳпарвариро дар тӯли асрҳо пуштбонӣ намудаст. Чунки шиори зиндагии миллати сулҳдӯсту фарҳангпарвари мо ҳамеша дӯстиву рафоқат ва самимияту садоқат будааст. Ба қавли шоир Муҳаммад Иқбол чунин меорем:

    Баргу сози коинот аз Ваҳдат аст,

    Андар ин олам ҳаёт аз Ваҳдат аст.

Муваффақияти сулҳофарӣ дар Тоҷикистон пурра омӯхта шудааст ва он таҷрибаи мусбие,ки дар кишвари мо мавҷуд аст то ба охир истифода гардидааст. Унсури асосии муваффақ гардидан дар ҳалли моҷаро ин иродаи худи мардуми тоҷик дар сохтани ваҳдати миллӣ мебошад. Ҳамин тавр фарҳанги сулҳ дар шуури халқи мо ташаккул ёфта онро дар дунёи пурмоҷаро ҳифз менамояд.

Эъмори сулҳу ваҳдати миллӣ ба ҳарфи сулҳ,

Инсони беназири худогоҳи миллат аст.

Хушбахтона он рӯзи таърихӣ   оҳиста-оҳиста пеши назар меояд, яъне 27 июни соли 1997 рӯзи аз шаҳри Москва баргаштани паёмовари сулҳу ваҳдати миллӣ, абармарди тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд ... Фурудгоҳи шаҳри Душанбе саҳнаи идонаеро ба худ тасвир менамуд,ки он рӯз мардуми тоҷик бо як шодию нишот ва гулу гулдастаҳо ба истиқболу шодбошии созандаи сулҳу ваҳдат Эмомалӣ Раҳмон баромада буданд. Он лаҳзаҳои хотирмон дар дилу дидаҳои мардуми сулҳҷӯйи ватанамон нуру шарар мерехт,чунки ҳама интизори ин Созишномаи сулҳу дӯстии тақдирсоз буданд. Пас аз ба имзо расидани созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аҳли адибони тоҷик худро вазифадор намуданд,ки ба тарғиби ғояҳои сулҳу ваҳдат сухан эҷоз намоянд.

Бояд зикр намуд,ки вожаи Ваҳдат дар адабиёти оламшумули форсу тоҷик низ мавқеъ ва моҳияти хоссаеро ишғол намуда он сарчашма аз адабиёти қадими мо дошта,дар даврони адабиёти классикӣ бузургтарин шуаро дар муттаҳид сохтани мардумон ва офариниши осори кохҳои бегазанди моддию маънавӣ истифода намудаанд. Намунаи бузурги чунин ашъорро мо дар осори намояндагони адабиёти классику муосир дида метавонем. Аз ин ҷост,ки зарурати ваҳдати миллӣ ва дар ҳаёт бо ҳам зич пайваста будани одамон дар осори Шайх Саъдӣ хеле ба маврид баён шудааст:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

 

Маҳз суханони пурҳикмати Саъдӣ то имрӯз аҳаммияти худро гум накарда,ҳамин дӯстию рафоқат,ҳамдилӣ,ягонагӣ дар фаъолияти бархе аз ҷавонони ҷомеаи имрӯза дида мешавад.

Мавзуи ваҳдат ва ягонагиро низ шоири равоншоди тоҷик Муъмин Қаноат ,ки дар ҳамон шабу рӯз баҳри осоиштагии кишвар шабҳои бедорхобӣ кашида ин рӯзи саидро тасвир намуда,наслҳои имрӯзу фардоро чунин ҳушдор медиҳад:

 

Ту Ваҳдат аз дили бекина омӯз,

Намуди ростӣ з-оина омӯз.

Нигоҳдории оини ҳақиқат,

Зи бишкан-бишкани порина омӯз.

 

Ҳамин тавр халқи тоҷик дар боғи ҳастии мардуми аҳли башар ниҳолеро пайванд намуд,ки он ба худ номи Ваҳдатро гирифт. Имрӯз бо шарофати сулҳу ягонагӣ он ниҳол ба дарахти пурмевае мубаддал гардид , ки самари он сол то сол афзун гардида аз самараш мардум баҳравар гардидаанд. Ба ҳамин гуфтаҳо мисраҳои шоири равоншод Гулназар Келдӣ , ки тараннуми ваҳдати миллӣ якдилию бародариро чунин ифода намудааст :

 

Сарсабзу гулфишон шуд то навбаҳори Ваҳдат,

Овозаи ҷаҳон шуд ному диёри Ваҳдат....

Саф-саф ба сӯйи фардо мардона по гузоранд,

Рашту Хуҷанду Кӯлоб,Вахшу Ҳисору Ваҳдат.

    

                                                                                                                                                                                    Ин хоки бостонӣ шуд арсаи ҷавонӣ,

Аз ифтихори Ваҳдат,аз эътибори Ваҳдат.

То шеъри Рӯдакӣ ҳаст Наврӯзии дили мо,

        Чашми хазон наафтад дар навбаҳори Ваҳдат.

 

Ба қавли шоири ширинкалом Камол Насрулло ваҳдати миллӣ ҷовидону поянда бошад ва дар навои сулҳу ваҳдат мардумонаш зинда бошанд:

 

                                         Дар диёри накутинатон,

                                        Ваҳдати халқи мо зинда бод!

                                        Зинда бод Тоҷикистони мо!

                                        Ин наво, ин сафо зинда бод!

 

Ваҳдат неъмати бузургест,ки бо меҳру муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ ҷовидон аст. Агар ҳар шахс худшиносу худогоҳ бошад,ҷомеа низ орому осуда ва пешрафт хоҳад шуд. Мардумони дорои ваҳдат метавонанд ба дастовардҳои бузурги сиёсӣ,иқтисодӣ ва фарҳангӣ ноил гарданд. Ваҳдати миллӣ дар ҳақиқат дастоварди муқаддас мебошад,ки барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум,ободии кишвар заминаи муҳими ҳаёту фаъолият ба шумор меравад. Ҷавонон бояд бештар ба худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ таваҷҷуҳ намоянд. Меҳнати шабонарӯзӣ, донишандӯзӣ,эҳтироми арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии кишвар нишонаи худогоҳиию ваҳдатофарии ҷавонон аст. Ҷавонони худшинос ҳимоятгари меҳану сулҳу ваҳдат ва истиқлолияти ҷумҳурӣ мебошанд . Худшиносӣ ва худогоҳию ваҳдатофарӣ ин чароғи абадии роҳи пурпечутоби ҳаёти инсоният мебошад. Ҳар қадар инсон худшиносу худогоҳ бошад,ҷомеа пешрафта ва муттаҳид мегардад.

Сулҳу ваҳдат дар соҳаи тиб низ неъмати бузург ба шумор меравад,ки асоси он саломатии мардум ва ҳамдигарфаҳмӣ мебошад,зеро ҳифзи саломатии инсон танҳо дар муҳити осишта имконпазир аст. Салоҳияти кишвар барои пешрафти илми тиб заминаи мусоид фароҳам овард. Ҷавононе ,ки роҳи омӯзиши илми тибро интихоб намудаанд,бояд дар худ ғояҳои ватанпарварӣ, инсондӯстӣ ва ваҳдатофариро таҷассум намоянд. Онҳо дар баробари донишҳои тиббӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул ва эҳтироми инсонро низ омӯзанд.,чунки табиби ҳақиқӣ на танҳо бемориро табобат мекунад ,балки ба омма умеду осоиштагӣ мебахшад. Пас,ваҳдатофарӣ дар илми тиб омили асосии пешрафти соҳа ва беҳбудии саломатии мардум мебошад. Мо зиёиёни тоҷик вазифадорем, ки ин неъмати бебаҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва нагузорем,ки фузули кӯрдиле сулҳу ваҳдат ва ягонагиро халалдор намояд.

                                                    Суфиева Г.А.- омузгори кафедраи забони тоҷикӣ


26.06.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php