Эмкунӣ ҳамчун омили пойдории ҳаёти солим, пешгирии паҳншавии гепатитҳо
Барои муътадил ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим одамонро зарур аст, ки худро аз як зумра бемориҳои гузарандаи паёмадашон вазнин, аз ҷумла - шаклҳои гуногуни гепатит ва “Коронавирус” ҳифз намоянд. Солҳои охир хатари паҳншавии “Коронавирус” ва гепатитҳо дар байни аҳолӣ зиёд гашта, боиси ташвиши аҳли ҷомеа гардидааст. Дар робита бо ин масъала, дар қабули стоматологҳо ҳамеша хатари бештари сироятёбӣ ва интиқоли сироят мавҷуд аст, хусусан тавассути асбобҳо, қолаби қатори дандонҳо ва дигар маснуоти таъйиноти стоматологӣ, ки бо ковокии даҳон алоқамандӣ доранд. Барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президанти Ҷумҳурии Тоқикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади пешгирии паҳншавии гепатитҳо, сари вақт муайян намудани беморӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш ва масъулияти мутахассисони соҳа, инчунин ба мардуми кишвар фаҳмонидани моҳияти эмкунӣ дар пешгирии паҳншавии гепатитҳо, самаранокии поксозии асбобҳои стоматологӣ, оттискҳо бо роҳи истифодаи аз ҷиҳати илмӣ асоснок гардидаи гандзидоии химиявӣ ва омехта, тавассути дезинфектантҳои беалдегид, инчунин ба воситаи коркарди ултрасадоӣ, дорои таъсири спектри васеи зиддимикробӣ лозим аст.
Вобаста ба ин дар МТИК «Стоматология»-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ПИК Стоматология ва ҶҶР бо ПИК Гастроэнтералогия ВТ ва ҲИ ҶТ барои сари вақт муайян ва пешгирӣ намудани паҳншавии онҳо чораҳои зарурӣ меандешанд. Вале роҳҳои сироятёбии гепатит дар аксари ҳолатҳо норавшан боқӣ мемонад.
Барои мутлақо, ҷиҳати сироятёбии гепатит хотирҷамъ будан, ваксинатсия (эм) кардан лозим аст. Гепатитҳои вирусӣ бемориҳои сироятии интишорёфтаи хатарнок ба ҳисоб мераванд. Бемориҳои мазкур дар шаклҳои мухталиф зоҳир мешаванд, вале дар байни симптомҳои асосӣ - зардӣ ва дарди зери қабурғаи ростро ҷудо мекунанд. Ба хотири ташхис гузоштан бояд таҳлили хун, пешоб ва дар ҳолатҳои вазнин бошад, биопсияи ҷигар зарур аст. Аз тамоми анвои гепатит, гепатити А нисбатан паҳншудатарин ба шумор меравад. Аз лаҳзаи сироятёбӣ то пайдо шудани аломатҳои аввалини беморӣ аз 7 то 50 рӯз мегузарад.
Бештар оғози бемориро ҳарорати баланд ҳамбаста буда, зукомро ба хотир меорад. Дар аксари ҳолат бо сиҳатёбии ғайриихтиёрӣ анҷом мепазирад ва муолиҷаи фаъолро низ тақозо намекунад. Зимни ҷараёни вазнин табиб чаконидани доруҳоро таъйин мекунад, то таъсири заҳролуди вирусро ба ҷигар бартараф намояд. Вируси гепатити В тавассути алоқаи ҷинсӣ, зимни тазриқ аз сӯзандоруҳои тамизнашуда дар истифодабарандагони маводи мухаддир, инчунин аз модар ба ҷанин мегузарад. Дар ҳолатҳои маъмулӣ беморӣ аз баландшавии ҳарорат, сустӣ, дарди буғумҳо, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ оғоз меёбад. Гоҳо бусурот (высыпание) пайдо гардида, ҷигар ва сипурз калон мешаванд. Зиёда аз ин, мумкин аст, тирагии пешоб ва берангии фазла пайдо шавад. Гепатити С шакли нисбатан вазнини гепатити вирусӣ ба ҳисоб меравад, ки онро гепатити пас аз хунгузаронӣ низ номгузорӣ намудаанд. Яъне, одамон ба он пас аз гузаронидани хун гирифтор шудаанд. Маълум мешавад, ки хуни донорӣ чанд сол пеш ба вируси гепатити С аз тест гузаштааст.
Сирояти ин беморӣ тавассути сӯзандоруи нашъмандон кофист ва аксари сироятёбиҳои маризон аз ин роҳ буда, он ба воситаи алоқаи ҷинсӣ ва аз модар ба кӯдак низ имконпазир аст. Шакли музмини бемории мазкур хатари зиёдтар дорад, ки аксаран ба сирроз ва саратони ҷигар табдил мешавад. Тақрибан дар 70-80%-и беморон ҷараёни музмин инкишоф меёбад. Агар гепатити С бо дигар шаклҳои гепатити вирусӣ якҷоя шавад, бемориро якбора вазнин намуда, хатари фавт меафзояд. Гепатити D бемории «ҳамроҳ» буда, ҷараёни оризашудаи гепатити В мебошад. Тавассути алоқаи ҷинсӣ бештар гепатити В мегузарад ва дар чунин мавридҳои сироятёбӣ гепатити С низ имконпазир аст.
Аз ин рӯ мардуми Тоҷикистонро лозим аст, ки барои солимии хеш ва ҳимояти наздиконашон аз бемориҳои ковид 19 ва геппатитҳо, аз эмкунӣ (ваксинатсия) ҳатман гузаранд. Чунки пас аз эмкунӣ муқовимати организми инсон бар зидди ин бемориҳо зиёд гашта, дар сурати сироят ёфтан, шахс бемориро сабук мегузаронад.

Муалими калони кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ Таибов С.А.
Турсунова З.- мутахассиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа
08.11.2021
1029