ЭКСПЕДИТСИЯИ ИЛМӢ-ТАДҚИҚОТИИ КОРМАНДОНИ КАФЕДРАИ ФИЗИОЛОГИЯИ ПАТОЛОГӢ БА ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛӢ ВИЛОЯТИ СУҒД

ЭКСПЕДИТСИЯИ ИЛМӢ-ТАДҚИҚОТИИ КОРМАНДОНИ КАФЕДРАИ ФИЗИОЛОГИЯИ ПАТОЛОГӢ БА ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛӢ ВИЛОЯТИ СУҒД

Дар асоси нақшаи Лоиҳаи илмӣ-тадқиқотии аз ҷониби Фонди Президентии тадқиқоти бунёдӣ маблағгузоришаванда кормандони кафедраи физиологияи патологӣ: дотсенти кафедра, н.и.т. Хоҷаева М.Х., ассистенти кафедра, н.и.т. Шукуров Ф.А. ва лаборанти калони кафедра Наврузбекова С. аз 20-ум то 23-юми майи соли ҷорӣ ба шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд сафарбар карда шуданд.

Дар ҷараёни корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ки дар муддати 4 рӯз дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Истиқлол амалӣ карда шуд, нишондиҳандаҳои қад, вазни бадан, параметрҳои антропометрӣ ва ғафсии насҷи зери пӯст бо истифода аз усулҳои стандартии илмӣ муайян карда шуданд. Ҳамзамон, барои муайян намудани сатҳи гормонҳо ва металлҳои вазнин аз иштирокчиён намунаҳои биологӣ (хун, муйи сар) гирифта шуда, таҳлилҳои лабораторӣ анҷом дода шуд.

Ҳадафи асосии тадқиқот омӯзиши хусусиятҳои танзими равандҳои рушду инкишофи организми инсон дар шароити минтақаҳои аз ҷиҳати экологӣ номусоид ба ҳисоб меравад. Натиҷаҳои бадастомада барои таҳлили минбаъдаи илмӣ ва арзёбии таъсири омилҳои муҳити зист ба механизмҳои танзими рушду инкишофи инсон истифода хоҳанд шуд.

Қобили қайд аст, ки ин экспедитсияи илмӣ-тадқиқотӣ бо дастгирии ҳамаҷонибаи ректори Донишгоҳ доктори илмҳои тиб, профессор Муҳиддин Н.Д. амалӣ гардида, барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани корҳои илмӣ-амалӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои гузаронидани таҳқиқотҳо, инчунин дастгирии ташаббусҳои илмии муҳаққиқону омӯзгорон мусоидати арзишманд расонид. Маҳз тавассути чунин дастгириҳои роҳбарияти Донишгоҳ имконият фароҳам гардид, ки корҳои таҳқиқотӣ дар муассисаи таълимӣ ва байни хонандагон ба таври муназзаму босифат анҷом дода шуда, натиҷаҳои муҳими илмӣ ба даст оварда шаванд.

Экспедитсия дар сатҳи хуби ташкилӣ баргузор гардида, барои ҷамъоварии маълумоти муҳими илмӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

 

Кафедраи физиологияи патологӣ


26.05.2026 2

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php