ЭҲЁ ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ: САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАЪМИНИ ВАҲДАТ ВА СУБОТ (БА ИФТИХОРИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ)
Дар саҳифаҳои таърихи ҳар миллат лаҳзаҳое ба мушоҳида мерасанд, ки тақдири давлат ва ояндаи мардум маҳз дар ҳамон марҳилаҳо ҳаллу фасл мегардад. Барои халқи тоҷик чунин давраи ҳассос солҳои аввали истиқлолият ба ҳисоб меравад, вақте ки кишвар баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ба истиқлол расид, вале ҳамзамон ба мушкилоти ҷиддии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Дар ҳамин шароити душвор шахсияте ба саҳнаи сиёсат ворид шуд, ки минбаъд дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон нақши калидӣ бозид.
Оғози фаъолияти сиёсии Пешвои миллат ба даврае рост омад, ки мамлакат дар гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт. Бесуботӣ ва ихтилофҳои дохилӣ хатари аз байн рафтани давлатро ба миён оварда буданд. Дар чунин вазъият роҳбаре зарур буд, ки тавонад ҷомеаро муттаҳид созад ва мардумро ба сӯи сулҳ раҳнамоӣ намояд. Бо талошҳои пайгирона ва сиёсати мутавозини Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музокироти сулҳ оғоз гардида, ниҳоят ба имзои созишномаи сулҳ анҷомид, ки барои барқарории субот заминаи устувор гузошт. Ин санади таърихӣ на танҳо ҷанги шаҳрвандиро хотима бахшид, балки барои ташаккули низоми сиёсии нав ва эҳёи давлатдорӣ шароити мусоид фароҳам овард.
Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва бунёди низоми ҳуқуқии муосир мебошад. Қабули Конститутсия ҳамчун санади Олии ҳуқуқӣ, ташкили ниҳодҳои давлатӣ ва такмили сохтори идоракунӣ ба устувории низоми сиёсӣ мусоидат намуд. Бо роҳандозии принсипҳои давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди сиёсӣ ворид гардид. Ин раванд имкон дод, ки заминаҳои ҳуқуқӣ барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва фаъолияти самараноки ниҳодҳои давлатӣ фароҳам оварда шавад.
Дар баробари ислоҳоти сиёсӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ низ ҷойгоҳи махсус дошт. Гузариш ба иқтисоди рақобатпазир, ислоҳоти сохторӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ барои рушди соҳаҳои гуногун ба беҳтар гардидани вазъи иқтисодӣ мусоидат намуданд. Дар давраи истиқлолият инфрасохтори кишвар ба таври назаррас беҳтар гардид: роҳҳо, нақбҳо, пулҳо, неругоҳҳои барқи обӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ сохта шуданд. Лоиҳаҳои муҳимми энергетикӣ ва коммуникатсионӣ Тоҷикистонро тадриҷан аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намуда, имкониятҳои нави рушди иқтисодиро фароҳам оварданд.
Дар ин замина, масъалаи таъмини амнияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат гардид. Сохтмон ва таҷдиди неругоҳҳои барқи обӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои бузург, ба афзоиши иқтидори энергетикии кишвар ва таъмини аҳолӣ бо неруи барқ мусоидат намуданд. Ҳамзамон, рушди бахши кишоварзӣ ва дастгирии соҳибкории хурду миёна ба паст гардидани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсири мусбат расонд.
Масъалаи ташаккули ҳувияти миллӣ ва эҳёи арзишҳои фарҳангӣ низ дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати давлатӣ қарор дошт. Бо мақсади таҳкими худшиносии миллӣ, тадбирҳои муҳимме андешида шуданд, аз ҷумла рушди забони давлатӣ, ҳифз ва тарғиби мероси фарҳангӣ, таҷлили ҷашнҳои миллӣ ва эҳёи суннатҳои таърихӣ. Ин раванд ба муттаҳидсозии ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллӣ мусоидат намуд.
Рушди маориф ва илм ҳамчун омили калидии пешрафти ҷомеа мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифт. Бунёди муассисаҳои таълимии замонавӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар раванди таълим ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи илм ба баланд бардоштани сатҳи маърифат ва омодасозии мутахассисони баландихтисос замина гузошт. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ низ ба беҳтар гардидани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва баланд бардоштани сатҳи саломатии аҳолӣ равона гардид.
Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар давраи истиқлолият ба принсипҳои ҳамкории мутақобилан судманд, эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва ҳалли мусолиматомези ихтилофҳо асос ёфтааст. Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ робитаҳои дипломатӣ барқарор намуда, ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи худро таҳким бахшид. Ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаи об ва иқлим, ки аз ҷониби роҳбарияти кишвар пешниҳод гардидаанд, эътирофи васеи ҷомеаи ҷаҳониро ба даст оварданд.
Агар ба таърих назар афканем, метавон фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо нақши Исмоили Сомонӣ муқоиса кард. Ҳар ду шахсият дар давраҳои гуногуни таърихӣ барои ҳифзи давлат ва муттаҳид сохтани миллат хизматҳои арзанда анҷом додаанд. Агар Исмоили Сомонӣ асосҳои давлатдории тоҷиконро дар асрҳои миёна гузошта бошад, Эмомалӣ Раҳмон онро дар замони муосир таҳким бахшид ва ба шароити нав мутобиқ сохт.
Имрӯз Тоҷикистон дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли Давлатӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр, амну босубот ва рӯ ба тараққӣ шинохта мешавад. Дастовардҳои бадастомада натиҷаи сиёсати пайгирона, талошҳои пайваста ва иродаи қавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми кишвар мебошанд. Бо вуҷуди мушкилоти ҷаҳонӣ ва таҳдидҳои муосир, Тоҷикистон роҳи рушди устуворро пеш гирифта, барои таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон кӯшиш менамояд.
Бояд қайд кард, ки эҳё ва рушди давлатдории Тоҷикон дар давраи Истиқлол як раванди мураккаб ва бисёрҷанба мебошад, ки дар он нақши Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят муҳим аст. Ӯ тавонист, ки кишварро аз бӯҳрони амиқ берун оварда, заминаи сулҳу субот ва рушди устуворро фароҳам созад. Ин хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи миллат ҳамчун намунаи роҳбарии масъулона, хирадмандона ва дурбинона боқӣ хоҳанд монд.
Маҳмадзода Ш.Қ. мудири кафедраи офталмология