ДУШАНБЕ -ШАҲРИ ГУЛҲО, ШАҲРИ ДИЛҲО

ДУШАНБЕ -ШАҲРИ ГУЛҲО, ШАҲРИ ДИЛҲО

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 1 марти соли 2005, ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел дар кишвар Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Имсол ин сана ба 18 апрел рост омада, ба ин муносибат дар кафедраи химияи биоорганикӣ ва физколлоидии Донишгоҳ як қатор чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ баргузор гардиданд.

Бо ташаббуси муовинати тарбия ва иштироки фаъолонаи донишҷӯёни курси якуми факултети тиббӣ, таҳти унвони “Душанбе - шаҳри гулҳо, шаҳри дилҳо” чорабинии фарҳангии ҷолиб бо номи «Канӣ, духтарон» ташкил ва гузаронида шуд.

Ҳадафи асосии чорабинӣ баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, шиносоии амиқи донишҷӯён бо таъриху фарҳанги пойтахт ва тарғиби зебоипарастиву шаҳрсозӣ миёни ҷавонон арзёбӣ гардид.

Дар ҷараёни чорабинӣ миёни иштирокчиён бахши саволу ҷавоб доир ба таърихи пайдоиши шаҳри Душанбе, марҳилаҳои рушди он, ободкориҳои назарраси солҳои охир, бунёди иншооти замонавӣ, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, роҳҳои васеъ ва симои нави меъмории шаҳр баргузор шуд. Донишҷӯён бо омодагии хуб, дониши мукаммал ва ҷавобҳои саҳеҳ иштироки фаъолона намуда, муҳаббати худро нисбат ба пойтахти азиз иброз доштанд.

Қисмати фарҳангии чорабинӣ низ хеле ҷолиб сурат гирифта, донишҷӯдухтарон ҳунару маҳорати худро дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла суханронӣ, саводнокӣ, ҳозирҷавобӣ ва муаррифии зебоиҳои пойтахт нишон доданд. Ин фазои гарму самимӣ ба чорабинӣ шукуҳи хоса бахшид.

Дар фарҷоми ҳамоиш сардори шуъбаи тарбияи Донишгоҳ Асламова Г. К. баромад намуда, ба донишу ҷаҳонбинӣ, ҳунару истеъдод ва фаъолиятнокии донишҷӯдухтарон баҳои баланд доданд. Мавсуф таъкид намуданд, ки таҷлили Рӯзи пойтахт на танҳо арҷгузорӣ ба шаҳри Душанбе, балки рамзи ваҳдат, сулҳу субот, пешрафт ва худшиносии миллӣ мебошад.

Зикр гардид, ки Душанбе - қалби Тоҷикистон буда, рушди босуръати он нишонаи пешрафти тамоми мамлакат аст. Аз ин рӯ, ҳар як сокини кишвар, бахусус ҷавонон, бояд ин шаҳри азизро дӯст доранд, тозаву озода нигоҳ доранд ва барои шукуфоиву ободии минбаъдаи он саҳми арзандаи худро гузоранд.

Бешак, Рӯзи пойтахт барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи ифтихор, сарбаландӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ маҳсуб меёбад.

                                                  Кафедраи химияи биоорганикӣ ва физколлоидӣ


16.04.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php