ДУШАНБЕ ПОЙТАХТИ МАДАНИЯТ ВА ТАМАДДУН

ДУШАНБЕ ПОЙТАХТИ МАДАНИЯТ ВА ТАМАДДУН

Шаҳри Душанбе пойтахти тамоми тоҷикони рӯйи дунё на танҳо маркази маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки пойтахти фарҳанг, тамаддун ва сиёсии кишвар аст, ки дар худ гузаштаи пуршараф ва ояндаи дурахшонро таҷассумгар аст. Душанбе шаҳрест, ки дар он анъанаҳои куҳан бо технологияи муосир омезиш ёфта, фазои ваҳдату якдилиро дар қалби сокинонаш фаррохтар мегардонад.

Имрӯз Душанбешаҳр фархунда нигини мост,

Аз қаъри ҳазорон сол эҳёи навини мост.

Воқеан ҳам ин шаҳри дилоро ва дар оғӯши гул нуҳуфта, аз қаъри ҳазорон сол бо заҳмат ва талошҳои шабонарӯзии фарзонагони миллат бунёд гашта, эҳёи навини дубора гирифт. Имрӯз Душанбешаҳр бо хиёбонҳои васеъ, биноҳои азиму муҳташам ва боғу гулгаштҳои диққат ҳар бинандаи ин манзараи афсункорро ба худ ҷалб месозад. Ба таърихи Душанбе назар кунем, роҳи басо пуршебу фароз ва заҳматкашидаи азизони миллатро мебинем. Номи пойтахт, ки маънои рӯзи ҳафтаро дорад, ба таърихи мавҷудияти он ишора мекунад. Дар гузашта дар ин мавзеъ рӯзҳои душанбе бозори калоне баргузор мешуд, ки мардуми қаламрави мамлакат барои хариду фурӯши ҷиҳози рӯзгор меомаданд.

Душанбеи нозанин имрӯз маркази илму маърифат, гаҳвораи дониш ва санъат аст. Ин қадар донишгоҳу донишкадаҳои бузург гӯшаву канори пойтахтро зеб дода, ҳазорҳо нафар лаёқатмандонро сарпаноҳу пуштибонӣ мекунад. Фазои меҳмоннавози Душанбешаҳр замири садҳо сайёҳони дохилу хориҷи кишварро тасхир намуда, дар нигоҳашон шаҳракеро пур аз имконияти фаррох ва биҳиште дар руйи ин дунё мемонад. Чароғонкунии муосири биноҳо ва кӯчаҳо ба Душанбе таровати хосса бахшида, фазои шабонаро рангинтару ҷолибтар месозад.

Дар паёме, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд, пешниҳод гардид, ки дар пойтахти кишвар маркази Наврӯз сохта ба истифода дода шавад, ки ин фазои сайёҳӣ ва асолати фарҳангии пойтахтро даҳчанд мегардонад. Душанбе шаҳри сулҳ, шаҳри тинҷу ором ва қалби Тоҷикистони азиз аст. Ҳамасола дар қаламрави мамлакат рӯзи пойтахт бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Шаҳрдори ҷавони мо имрӯз тавонист, ки дар муддати басо кӯтоҳ, вале самарабахш шаҳрро обод созад то ки мардум тавонанд аз имконоти худ ба таври васеъ истифода намоянд.

 

Абдураҳимзода Шоира – донишҷуи курси 4-и факултаи тиббӣ


16.04.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php