Душанбе - нигини дурахшони Тоҷикистон
Душанбе - пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри зебову дилнишинест, ки дар оғӯши кӯҳсор бо нури умед медурахшад. Дар фазои нурбори он оҳанги зиндагӣ бо суруди муҳаббат ва ормон ҳамсадо гардида, ҳар нафаси шаҳр латофати табиат ва гармии қалбҳои инсонҳоро ба ёд меорад. Ин шаҳр чун субҳи заррин, дили ҳар бинандаро равшан месозад ва ойинаи пайванди гузаштаву имрӯз аст.
Душанбеи гулбадомон бо кӯчаҳои васеъ, хиёбонҳои сабз ва гулгаштҳои зебояш на танҳо макони зиндагӣ, балки манбаи илҳому оромиши рӯҳ мебошад. Ҳар гӯшаи он аз таърихи пурғановат ва зиндагии пуршукӯҳ қисса мекунад.
Таърих гувоҳ аст, ки дар партави сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвари азизамон ба марҳалаи нави рушд ворид гардидааст. Дар ин раванд, шаҳри Душанбе ҳамчун маркази сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар рӯз аз рӯз симои нав гирифта, ба як шаҳри муосиру пешрафта табдил меёбад.
Бо талошҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза касб кардаанд. Сохтмони роҳҳои нав, васеъ намудани кӯчаҳо, бунёди пулҳои замонавӣ, зербиноҳои нақлиётӣ ва биноҳои баландошёна аз ҷумлаи ин дастовардҳоянд, ки ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии сокинон мусоидат мекунанд.
Ҳамзамон, дар пойтахт боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, гулгаштҳои замонавӣ ва майдончаҳои истироҳатӣ бунёд гардида, барои сокинон ва меҳмонон шароити мусоиди фароғат фароҳам оварда шудааст. Марказҳои тиҷоратӣ ва иншооти муосир низ ба зебоии шаҳр ҳусни тоза зам менамоянд.
Таваҷҷуҳ ба муҳити зист, сабзкорӣ ва тозагии шаҳр яке аз самтҳои муҳимми рушди пойтахт ба шумор меравад. Шинонидани дарахтон, гулпӯш кардани хиёбонҳо ва нигоҳдории тозагӣ ба Душанбе намои зебову дилфиреб мебахшанд.
Имрӯз Душанбе ба яке аз шаҳрҳои зебову муосири минтақа табдил ёфта, ҳамчун маркази сарзамини куҳанбунёди тоҷикон мақоми хоса касб кардааст. Бесабаб нест, ки онро «макони набзи зиндагӣ» ва «шаҳри орзуҳо» меноманд.
Субҳгоҳон, вақте офтоби заррин аз паси кӯҳҳои сарбафалак тулуъ мекунад, шаҳр ранги дигар мегирад. Кӯчаҳои пуродам, хиёбонҳои сабз ва чеҳраҳои хандону умедбахши мардум симои як пойтахти рушдёбандаро таҷассум мекунанд. Боғҳои зебо бо атри гулҳо ва суруди парандагон ба инсон оромӣ ва неру мебахшанд.
Мардуми Душанбе меҳмоннавоз, меҳрубон ва фарҳангдӯст ҳастанд. Дар ин ҷо анъанаҳои миллӣ бо зиндагии муосир омезиш ёфта, фазои хосеро ба вуҷуд овардаанд. Ҷашнҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ шаҳрро боз ҳам зеботар гардонида, ҳисси ифтихорро дар дилҳо бедор месозанд.
Душанбе танҳо пойтахт нест - он макони орзуҳо, сарчашмаи илҳом ва гӯшаи азизи хотираҳои зиндагист. Ҳар кӯча ва ҳар гӯшаи он барои сокинонаш азиз буда, саҳифаҳои ширини кӯдакиву ҷавониро ба ёд меорад.
Ин шаҳр ҳамзамон маркази фарҳангу маърифат низ мебошад. Садои китобу дониш, мусиқӣ ва ҳунар дар он ҳамеша танинандоз аст. Мактабҳо, донишгоҳҳо ва муассисаҳои фарҳангӣ чун чароғҳои роҳнамо, насли навро ба сӯи ояндаи дурахшон ҳидоят мекунанд.
Зебоии Душанбе на танҳо дар биноҳои муҳташам ва роҳҳои муосираш, балки пеш аз ҳама дар қалби мардумаш таҷассум меёбад - мардуме, ки бо меҳру садоқат ва орзуҳои бузург зиндагӣ мекунанд.
Имрӯз ҳар як сокини шаҳр бояд дарк намояд, ки масъулияти нигоҳдорӣ ва рушди ин пойтахти зебо бар дӯши ӯст. Муҳаббат ба шаҳр на танҳо дар сухан, балки дар амал, эҳтиром ва ғамхорӣ зоҳир мегардад.
Бигзор, Душанбе ҳамеша шукуфон, орому зебо боқӣ монад. Бигзор, офтоби бахт дар осмони он ҷовидона битобад ва хандаи мардум дар кӯчаҳояш ҳамеша танинандоз бошад.
Дар арафаи таҷлили Рӯзи пойтахт, ҳамаи ҳамватанонро самимона табрик гуфта, орзумандам, ки Душанбе ҳамеша рамзи ваҳдат, сулҳ ва ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол боқӣ бимонад.
Ҷашни пойтахт муборак бод, ҳамватанони азиз!
Юсупова Зулайхо, донишҷӯи курси 1-и
факултаи кори табобатии Донишгоҳ