ДУШАНБЕ — МАРКАЗИ ТАШАККУЛИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГӢ. Ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон эҳдо мегардад
Аз нигоҳи улуми ҷомеашиносӣ, мавқеи шаҳрҳое, ки нуфузи фарҳангии онҳо фаротар аз марзҳои ҷуғрофияшон аст, бисёр чашмрас ба назар мерасад. Хусусан, пойтахтҳо дар давлатҳои миллӣ, ки илова бар нуфузи фарҳангӣ доираи таъсири сиёсиро низ тавассути санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тақвият мебахшанд, дар ин самт аз афзалияти ҷиддӣ бархӯрдоранд. Таҳқиқот нишон медиҳанд, ки талош барои эҳё ва ҳамзамон мутобиқ сохтани анъанаҳо ба воқеияти замон, махсусан дар марҳалаи ташаккули давлатдории миллӣ шиддат мегирад. Зеро маҳз дар ҳамин давра анъанаҳо ба абзори муҳии таҳкими ҳувияти миллӣ ва худшиносии ҷамъиятӣ мубаддал мешаванд.
– Шаҳри Душанбе аз соли 1924 инҷониб ҳамчун пойтахти давлати тоҷикон шинохта шуда, танҳо дар даврони Истиқлолияти давлатӣ мақоми ҳуқуқии он ба таври возеҳ ва мукаммал танзим гардид. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1996) ва баъдан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 4 апрели соли 2019 ин ҷойгоҳи хосро таҳким бахшиданд.
Тибқи муқаррароти ин санадҳо, шаҳри Душанбе на танҳо маркази маъмурию сиёсӣ, балки меҳвари иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмию таълимӣ ва таърихию фарҳангии давлат эътироф гардидааст. Аз ҷумла, дар қисми 2-юми моддаи 1 таъкид мешавад, ки «шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази маъмурию сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмию таълимӣ ва таърихию фарҳангии мамлакат мебошад». Ҳамзамон шаҳр ҳамчун маҳалли нигоҳдории матни аслии Конститутсия ва маркази таҳияи намунаҳои рамзҳои давлатӣ низ мақоми рамзии хос дорад.
Бинобар ин, дар ҷомеашиносии муосир чунин назария маъмул аст, ки шаҳр ҳамчун ташаккули мураккаби таърихӣ дар заминаи ҳамбастагии падидаҳои гуногуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ташаккул меёбад. Аз ҳамин ҷост, ки таснифоти шаҳрҳо низ гуногун буда, онҳо аз рӯи аломатҳои демографӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маъмурию сиёсӣ аз ҳам фарқ мекунанд.
Маҳз чунин вижагиҳо ба шаҳрҳо имкон медиҳанд, ки дар равандҳои эҳёи анъанаҳои фарҳангӣ ва мутобиқсозии онҳо ба шароити нави таърихӣ нақши ҳалкунанда бозанд. Онҳо ба як навъ марказҳои таҳкимбахши арзишҳои миллӣ табдил меёбанд, ки тавассути онҳо анъанаҳо на танҳо ҳифз, балки ба муҳити замон ворид карда мешаванд.
Бо такя ба ин мисолҳо метавон гуфт, ки имрӯз чунин рисолати таърихӣ бар дӯши шаҳри Душанбе вогузор гардидааст. Пойтахти мамлакат ин масъулиятро бо устуворӣ ва пайдарпайӣ амалӣ намуда, ба маркази ташаккули ҳувияти миллӣ ва эҳёи арзишҳои фарҳангӣ табдил ёфтааст.
Ҳарчанд манбаъҳои таърихӣ шаҳри Душанберо дар назари имрӯзиён бештар ҳамчун маркази мудирияти сиёсию фарҳангии шаклгирифта аз ибтидои асри XX муаррифӣ мекунанд, аммо дар асл он дорои решаҳои амиқи таърихӣ ва тамаддунӣ мебошад. Маҳз ин паҳлуи камтар муаррифишуда метавонад дар таҳияи хатсайрҳои сайёҳӣ ҷолибияти пойтахтро барои меҳмонони дохилию хориҷӣ ба маротиб афзун намояд.
Далелҳои бостоншиносӣ низ ин ҳақиқатро тасдиқ мекунанд. Кашфи шаҳракҳои қадимӣ, аз ҷумла «Шишахона» (1984, маҳаллаи 84) ва шаҳраки байни соҳилҳои рӯдҳои Душанбе ва Лучоб (1958), ки ба асрҳои III–IV пеш аз милод мансубанд, гувоҳи равшани таърихи деринаи ин сарзамин мебошанд. Ин шаҳракҳо дар давраҳои Юнону Бохтар ва империяи Кушониён мавҷуд буда, то замони истилои муғулҳо арзи ҳастӣ доштаанд, ки ин пайвастагии тамаддунии минтақаи имрӯзаро бо ҷаҳони қадим нишон медиҳад. Тибқи хулосаҳои муаррихону бостоншиносон, шаҳри Душанбе дорои таърихи беш аз 2300-сола мебошад.
Бо вуҷуди аҳаммияти бузурги таърихи бостонии Душанбе ҳамчун бахши муҳими фарҳанги миллӣ табдил ёфтани он ба маркази сиёсию маъмурии Тоҷикистон аз ибтидои асри XX саҳифаи комилан нави рушди тамаддуни муосири тоҷиконро боз намуд. Маҳз дар ин марҳила Душанбе аз як маҳалли маҳдуди ҷуғрофӣ ба маркази ташаккули ҳувияти миллӣ ва давлатдории навин мубаддал гардид.
Хусусан дар даҳсолаи охир симои пойтахт ба таври куллӣ тағйир ёфт. Бо бунёди садҳо иншооти маъмурӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, биноҳои баландошёна, марказҳои хизматрасонӣ, боғҳову гулгаштҳо ва мавзеъҳои фароғатӣ Душанбе ба шаҳри муосири дорои чеҳраи миллӣ ва меъмории замонавӣ табдил ёфтааст.
Имрӯз Душанбе на танҳо пойтахти сиёсӣ, балки рамзи эҳёи таърих, пайванди тамаддунҳо ва таҷассумгари руҳи навини миллати тоҷик мебошад, ки гузашта ва ояндаро дар як фазои воҳид ба ҳам мепайвандад.
Силсилакорхонаҳое, ки дар ин давра бунёд ва рушд ёфтанд, на танҳо ҷойи нави кор фароҳам оварданд, балки фазои иҷтимоиро ғанӣ гардонида, робитаҳои байни сокинонро мустаҳкам ва мазмунан пурбор намуданд. Аз ин рӯ, шаҳрро наметавон танҳо бо шумораи аҳолӣ маҳдуд кард, шаҳр, пеш аз ҳама, падидаи зиндаи иҷтимоӣ аст, ки дар заминаи омӯзиш, маърифат ва такмили доимӣ рушд меёбад. Дар ҳамин замина фарҳанги шаҳрнишинӣ тадриҷан шакл гирифта, имрӯз ба марҳилаи нави такомул ворид гардидааст.
Омили аслии афзоиши меҳру садоқати шаҳрвандон ба Душанбе дар он ифода меёбад, ки рамзҳои асосии ҳувияти миллӣ маҳз дар муҳити иҷтимоию фарҳангии ин шаҳр шакл гирифтаанд. Осори фарҳангии пойтахт аз равандҳои ҷомеа ҷудо нест, балки бо забони меъморӣ ва санъат тағйироту таҳаввулоти замонро инъикос мекунад.
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар пойтахт як силсила рамзҳои муҳими миллӣ бунёд гардиданд, ки дар таҳкими худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ нақши калидӣ бозиданд. Аз ҷумла, метавон муҷассамаҳои Исмоили Сомонӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Парчами миллӣ, Нишони давлатӣ, Кохи Наврӯз, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ ва чойхонаҳои миллиро номбар кард, ки ҳар яке на танҳо ёдгории меъморӣ, балки рамзи маънавии ҳастии миллӣ мебошанд.
Душанбе ҳамчун пойтахти мамлакат на танҳо маркази сиёсӣ, балки маркази неруҳои зеҳнию фикрии ҷумҳурӣ низ маҳсуб мешавад. Ба таври табиӣ, ҳамсон ба дигар пойтахтҳои ҷаҳон дар ин шаҳр бештари муассисаҳои илмию таълимӣ ва фарҳангӣ мутамарказ гардидаанд, ки онро ба кони неруи интеллектуалӣ табдил медиҳанд. Бо инфрасохтори рӯ ба рушд Душанбе имрӯз ба майдони ҷалби сармоя, парвариши истеъдодҳо ва татбиқи тарҳҳои навини илмӣ табдил ёфтааст.
Дастгириҳои пайвастаи мақомоти шаҳрдорӣ дар ин самт имкон фароҳам овардаанд, ки пойтахт бо такя ба захираҳои илмӣ ва инсонӣ, аз ҷумла донишгоҳҳо, пажӯҳишгоҳҳо ва мутахассисони соҳибтаҷриба ба марҳилаи нави рушди технологӣ ворид гардад. Дар ин замина, гузариш аз моделҳои кӯҳнаи саноатии энергиябар ба иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ ба таври марҳилавӣ амалӣ мешавад.
Маҳз дар ҳамин замина, бунёди корхонаҳои насли нави технологӣ ва IT-паркҳо дар Душанбе босуръат амалӣ гардида, пойтахтро ба маркази инноватсионӣ табдил медиҳанд. Ин раванд на танҳо ба рушди иқтисодии шаҳр, балки ба ташаккули муҳити нави эҷодӣ ва рақобатпазир мусоидат намуда, метавонад барои дигар шаҳрҳои кишвар низ намунаи ибрат гардад.
Яке аз самтҳои калидие, ки симои Душанберо ҳамчун оинаи таърих ва фарҳанги тоҷикон муаррифӣ мекунад, рушди ҳамкории байналмилалии он мебошад. Дар шароити ҷаҳони муосир, ки принсипи чандҷонибагароӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад, чунин ҳамкорӣ дорои арзиши стратегии хос мебошад. Аз ин рӯ, густариши равобити берунии пойтахт ҷузъи таркибии сиёсати «дарҳои боз»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамеша ҷонибдори ҳамкории созанда ва ҳалли мушкилоти глобалӣ мебошад ва шаҳри Душанбе дар татбиқи ин сиёсат нақши меҳварӣ дорад. Мизбонии ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла «Раванди оби Душанбе» ва «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва экстремизм» шаҳодати равшани нуфузи байналмилалии пойтахт мебошад.
Давоми беш аз се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ Душанбе ба маркази баргузории нишастҳои сатҳи баланд табдил ёфта, дар таҳкими обрӯ ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзанда гузоштааст. Имрӯз пойтахт бо беш аз 20 шаҳри ҷаҳон робитаҳои бародаршаҳрӣ барқарор намуда, доираи ҳамкориро пайваста тавсеа медиҳад.
Бо итминон метавон гуфт, ки шаҳри Душанбе минбаъд низ ҳамчун маркази муколамаи тамаддунҳо, саҳнаи ташаббусҳои глобалӣ ва омили таҳкими сулҳу суботи байналмилалӣ нақши босазояшро идома хоҳад дод.
Душанбе — пойтахти маҳбубамон аъзои Созмони умумиҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ, Ассамблеяи байналмилалии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо, Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо мебошад.
Нуктаи муҳиму боиси ифтихор ин аст, ки барои саҳми боризи Душанбе дар таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ, ҳамфикрӣ ва ҳамрайъӣ дар ҳаёти ҳамарӯза бо қарори ЮНЕСКО ба шаҳри Душанбе Ҷоизаи «Шаҳри Сулҳ» дода шудааст.
Ҳамзамон 8 сентябри соли 2014 ба ифтихори 90-солагӣ шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Форуми байналмилалии «Мегаполис»-и асри XXI бо Дипломи VII Озмуни байналмилалии таҷрибаҳои шаҳрии шаҳрҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар номинатсияи «Шаҳре, ки он ҷо зистан мехоҳанд-2014» барои ободонӣ, рушди инфарасохтории муосири шаҳрӣ ва дар сатҳи олии ташкилӣ баргузор намудани чорабиниҳои байнидавлатии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай сарфароз гардид.
Бояд гуфт, ки тарҳи зебо ва беназири Муассисаи давлатии фарҳангӣ-фароғатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт бо меъмории нодири миллӣ ба феҳристи ҳашт муъҷизаи ҷаҳони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дохил гардидааст. Ин иқдом на танҳо нишонаи эътирофи ҳунари меъмории миллӣ, балки гувоҳи ҷойгоҳи баланди фарҳанги тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Дар ин замина таъкид кардан зарур аст, ки дар давраи роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ шаҳри Душанбе дар муҳлати кӯтоҳ ба маркази муосири шаҳрдорӣ табдил ёфта, на танҳо симои зоҳириашро дигаргун сохт, балки мавқеяшро ҳамчун шаҳри рӯ ба рушд дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ таҳким бахшид. Ин равандро далелҳои мушаххаси рушди инфрасохтор, беҳсозии муҳити шаҳрӣ ва афзоиши нуфузи байналмилалии пойтахт тасдиқ менамоянд.
Меъмории муосири Душанбе, ки имрӯз бо суръати баланд рушд меёбад, дар худ пайванди зебои анъана ва навовариро таҷассум мекунад. Дар симои биноҳо ва маҷмааҳои нав унсурҳои фарҳанги бостонӣ бо диди замонавӣ омезиш ёфта, фазои нодири шаҳрсозиро ба вуҷуд овардаанд.
Дар баробари ин, яке аз вижагиҳои муҳими фазои фарҳангии Душанбе руҳияи таҳаммулпазирӣ ва гуногунфарҳангӣ мебошад. Ҳаёти ҳаррӯзаи сокинон ва муҳити бозу озоди шаҳр шаҳодат медиҳанд, ки дар пойтахт фарҳангҳои гуногун бо ҳам ҳамзистӣ доранд, ки ин нишонаи камолоти иҷтимоӣ ва пешрафти ҷомеа аст. Маҳз чунин фазо ба ҷалби бештари меҳмонон ва сайёҳон мусоидат намуда, Душанберо ба шаҳри дӯстдоштаи меҳмонон табдил медиҳад.
Пойтахти азизи мо имрӯз бо симои нав, инфрасохтори муосир ва муҳити созанда ба шаҳри ҳақиқатан муосир ва рақобатпазир табдил ёфтааст. Таҳлилгарон низ бар он назаранд, ки меъмории имрӯза ва фазои фарҳангии Душанбе ҳамчун рамзи талоши давлат ба сӯи ояндаи рушдёфта хизмат мекунад. Ин раванд на танҳо дар сохтмони иншооти ҷамъиятӣ, балки дар бунёди манзилҳои истиқоматии замонавӣ низ равшан эҳсос мегардад.
Имрӯз шаҳри ормонҳои миллӣ — Душанбе ба унвони боамнтарин, беҳтарин ва зеботарин пойтахтҳои минтақа ва Осиёи Миёна ба ҷаҳониён муаррифӣ гардида, ба маркази баргузории конгрессу симпозиум, конференсияву ҳамоишҳои сатҳи баланди байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ҳамзамон намояндагони давлатҳои дунё бо назофату тозагӣ, ободӣ, хиёбону гулгаштҳои ҳамешасабзи Душанбе шинос гардида, лаб ба ситоишу аҳсан мекушоянд. Ин гуна арзёбиҳоро инчунин аз забони иштирокдорони чорабинаҳои минтақавию байналмилалие, ки ҳамасола аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад, мешунавем ва ифтихор мекунем.
Ҳарчанд Душанбе ҳамеша чун шаҳри «сабз» шуҳрат дошт, аммо боғсозиҳою бунёди майдончаҳои варзишӣ ва бозиҳои кӯдакон, ки ҳоло назди манзилҳои истиқоматӣ ҷараён дорад, бо ҳеҷ давре қобили қиёс нест. Бузургтарин бозорҳои Душанбе акнун дар биноҳои муҳташаму зебои болопӯшида ҷой гирифтаанд. Парки нақлиёти ҷамъиятӣ пайваста бо худравҳои барқӣ иваз ва таҷдид карда мешавад. Дар кӯчаю хиёбонҳо гузаргоҳҳои нави зеризаминӣ ва эстакадаҳо сохта шуда истодаанд. Яъне рушди инфрасохтор пайваста мадди назар қарор дорад ва ин далели рақобатпазирии устувори он бо пойтахтҳои кишварҳои дигар аст.
Бар ин боварем, ки шаҳри Душанбе минбаъд низ ҳамчун пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол дар самтҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва мисли ин ба пешрафтҳои назаррас ноил шуда, мақому эътиборашро ҳамчун маркази тамаддуни тоҷикон боз ҳам тақвият хоҳад бахшид.
Хайриддин УСМОНЗОДА,
директори Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон