ДУШАНБЕ – ГУЛБОҒИ МО ВА МАСЪУЛИЯТИ СОКИНОН ДАР ОБОДИИ ОН
Душанбе – пойтахти азизи Тоҷикистони соҳибистиқлол, макони умеду орзуҳо ва гулшани зебое аст, ки дар дили ҳар як сокини пойтахт ва шаҳрванди кишвар ҷой дорад. Ин шаҳр на танҳо маркази сиёсиву иқтисодӣ, балки маркази фарҳанг, маърифат ва худшиносии миллии халқи тоҷик аст. Ҳар гӯшаи он аз таърихи пурифтихор ва азму иродаи мардуми тоҷик дарак медиҳад.
Агар ба симои имрӯзаи шаҳри Душанбе назар афканем, он ба гулбоғи пурнуре шабоҳат дорад, ки дар он ҳар як гул рамзи меҳнат, созандагӣ ва муҳаббати инсонҳост. Боғҳои сабзу хуррам, фаввораҳои назаррабову дилрабо ва биноҳои бо тарҳҳои муосираш шаҳодат медиҳанд, ки пойтахти мо дар роҳи рушду тараққиёт қадамҳои устувор мегузорад.
Аммо бояд дар назар дошт, ки ин гулбоғ худ аз худ ба вуҷуд намеояд. Барои шукуфоии он меҳнати шабонарӯзӣ, нигоҳубини доимӣ ва муҳаббати самимӣ зарур аст. Ҳамин гуна, зебоии Душанбе фақат ва фақат натиҷаи сохтмон ва ободкориҳо нест. Он, пеш аз ҳама, аз рафтор, фарҳанг ва ахлоқи сокинони он вобаста мебошад. Агар шаҳрвандон ба тозагӣ риоя намоянд, ба моликияти ҷамъиятӣ эҳтиром гузоранд ва бо якдигар бо одоби нек муносибат кунанд, шаҳр ба як гулбоғи воқеӣ табдил меёбад.
Дар солҳои охир шаҳри Душанбе ба таври назаррас рушд ёфтааст. Сохтмони роҳҳои нав, таҷдиди инфрасохтор, бунёди боғҳо ва марказҳои фарҳангӣ симои шаҳрро куллан дигаргун сохтаанд. Дар ин раванд саҳми шаҳрдории Душанбе бисёр калон ва назаррас унвон мешавад. Бо ташаббус ва роҳбарии оқилонаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахт ба як шаҳри муосир ва зебо табдил ёфта истодааст.
Ҳукумати шаҳр дар самти ободонӣ, тозагӣ, кабудизоркунӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ корҳои назаррас анҷом медиҳад. Бунёди гулгаштҳо, шинонидани дарахтон, таъмири роҳҳо ва ташкил намудани муҳити мусоид барои зиндагии сокинон – ҳамаи ин нишонаи ғамхорӣ ба шаҳр ва сокинони он мебошад. Ин талошҳо на танҳо симои зоҳирии шаҳрро зебо мегардонанд, балки ҳисси ифтихор ва масъулияти шаҳрвандонро низ тақвият мебахшад.
Бо вуҷуди ин, бояд дар назар дошт, ки дар баробари ҳукумати шаҳр дар ободии пойтахт саҳми сокинони он низ муҳим арзёбӣкарда мешавад. Ҳар як сокини Душанбе бояд худро масъул ҳис кунад. Партофтани партов дар ҷойҳои номувофиқ, вайрон кардани моликияти ҷамъиятӣ ва беэътиноӣ ба муҳити атроф амалҳое мебошанд, ки ба зебоии шаҳр халал мерасонанд. Баръакс, риояи тозагӣ, эҳтиром ба қоидаҳои ҷамъиятӣ ва рафтори намунавӣ метавонад, пойтахтро боз ҳам дилрабо гардонад.
Ҷавонон, ки ояндаи миллат мебошанд, дар ин раванд нақши калидӣ доранд. Онҳо бояд бо дониш, фарҳанг ва рафтори намунавии худ барои дигарон ибрат бошанд. Агар ҷавонон ба қадри шаҳр расанд ва барои ободии он саҳм гузоранд, ояндаи Душанбе боз ҳам дурахшон хоҳад буд.
Душанбе инчунин макони баргузории чорабиниҳои муҳими фарҳангиву сиёсӣ мебошад. Ҳар сол дар пойтахт ҷашну маросимҳо, намоишгоҳҳо ва чорабиниҳои байналмилалӣ баргузор мегарданд, ки обрӯ ва мақоми кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд. Аз ин рӯ, нигоҳ доштани симои зебо ва тозагии шаҳр на танҳо вазифаи дохилӣ, балки як масъулияти байналмилалӣ низ шумурда мешавад.
Шаҳри зебо танҳо бо ин кифоягӣ намекунад. Зебоии ҳақиқии он дар чеҳраи хандони сокинонаш, дар муносибати неки онҳо ва дар муҳаббаташон ба Ватан инъикос меёбад. Вақте ки ҳар як шаҳрванд худро як пораи ин шаҳр эҳсос мекунад, он гоҳ шаҳр ба як организми зинда табдил меёбад, ки бо муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ рушд мекунад.
Имрӯз Душанбе на танҳо пойтахти Тоҷикистон, балки рамзи ваҳдат, сулҳ ва пешрафт аст. Ин шаҳр бо зебоии худ дилҳоро тасхир мекунад ва ҳар як меҳмонро бо меҳмоннавозии сокинонаш ба ваҷд меорад. Барои нигоҳ доштани ин зебоӣ ва боз ҳам беҳтар намудани он, саҳми ҳар яки мо муҳим аст.
Хулоса, Душанбе, воқеан, гулбоғи мост. Аммо гулбоғе, ки бе нигоҳубин пажмурда мешавад. Аз ин рӯ, мо бояд бо рафтори нек, фарҳанги баланд ва ҳисси масъулият барои ободии он саҳм гузорем. Танҳо дар ин сурат метавонем, пойтахти худро ба як шаҳри воқеан, намунавӣ ва шоистаи ифтихор табдил диҳем. Чуноне ки Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бо муҳаббат ба васфи Душанбе пардохта гуфтааст:
Аз кӯҳи баланд аст равон оби Душанбе,
Тар карда лаби ташналабон оби Душанбе.
Ҳарчанд ки ҷорист ба сад асру замонҳо,
Бо ёди Ватан монда ҷавон оби Душанбе.
Ва ё шоири маҳбуб Боқӣ Раҳимзода бо муҳаббат:
Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе,
Хаёлам зеби дунёӣ, Душанбе.
гуфта буд, ки имрӯзҳо хурду бузург бо ифтихор месароянд.
Дар воқеъ, шаҳри Душанбе ҳар бинандаро мафтуну шефтаи худ мегардонад.
Бигзор, ҳар яки мо дар дили худ як гул барои Душанбе парвариш намоем, яъне гули муҳаббат, гули эҳтиром ва гули масъулият. Зеро ояндаи ин гулбоғи зебо дар дасти мост.
Аҳрориён З.А.-
муовини ректор оид ба тарбия