ДУРАХШИ ХИРАДИ ТОҶИК ДАР ОСМОНИ ТАМАДДУНИ БАШАР

ДУРАХШИ ХИРАДИ ТОҶИК ДАР ОСМОНИ ТАМАДДУНИ БАШАР

Эпиграф: Эҳтиром ба бузургони гузашта танҳо ифтихор аз таърих нест, балки масъулият дар назди ояндаи миллат аст.

Дар таърихи ҳар як миллат шахсиятҳое ҳастанд, ки андеша, осор ва фаъолияти эҷодии онҳо аз доираи замону макони зиндагии хеш берун рафта, ба сарвати маънавии тамоми инсоният табдил меёбанд. Барои миллати тоҷик чунин шахсиятҳо кам нестанд. Дар миёни онҳо номи Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.

Яке бо донишҳои фарогири тиббӣ, фалсафӣ ва табиатшиносии худ ба рушди илми ҷаҳонӣ таъсири бузург гузоштааст, дигаре бо кашфиётҳои риёзӣ, таҳқиқоти астрономӣ ва андешаҳои амиқи фалсафию адабӣ дар таърихи тамаддуни башарӣ мақоми хос пайдо кардааст.

Абуалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино, ки дар таърихи илми ҷаҳонӣ бо номи Авитсенна низ машҳур аст, яке аз бузургтарин намояндагони илму фарҳанги асрҳои миёна мебошад.

Ӯ дар муҳити фарҳангии Мовароуннаҳр ба камол расида, бо дониши амиқ, тафаккури таҳлилӣ ва қобилияти фавқулодаи илмии худ дар соҳаҳои гуногуни дониш осори арзишманд ба мерос гузоштааст.

 Саҳми Ибни Сино дар рушди тиб, фалсафа, мантиқ, физика ва дигар илмҳо ниҳоят бузург аст. Асари машҳури ӯ «Ал-қонун фи-т-тиб» («Қонуни тиб») дар тӯли садсолаҳо яке аз сарчашмаҳои муҳими омӯзиши илми тиб дар Шарқ ва Ғарб ба шумор мерафт. Ин асар на танҳо маҷмӯи донишҳои тиббии замони муаллиф, балки намунаи низомнок кардани мушоҳида, таҷриба, таҳлил ва хулосабарории илмӣ мебошад.

Аҳаммияти мероси Ибни Сино дар он аст, ки ӯ ба дониш ҳамчун раванди пайвастаи ҷустуҷӯ ва дарки қонуниятҳои табиат муносибат мекард. Дар андешаи илмии ӯ мушоҳида, таҷриба, муқоиса ва таҳлил ҷойгоҳи муҳим доштанд. Маҳз чунин муносибат ба дониш имкон дод, ки осори ӯ дар давраҳои гуногуни таърихӣ мавриди омӯзиш ва истифода қарор гирад.

Имрӯз, вақте ки тибби муосир бо дастовардҳои биотехнология, зеҳни сунъӣ, ташхиси рақамӣ ва усулҳои нави табобат рушд мекунад, омӯзиши мероси Ибни Сино аҳаммияти хос пайдо менамояд. Албатта, дастовардҳои тибби муосирро бо донишҳои асрҳои миёна баробар кардан дуруст нест. Аммо арзишҳои методологии осори ӯ - муносибати илмӣ ба мушкилот, мушоҳидаи дақиқ, таҳлили далелҳо ва пайванди назария бо амалия - то имрӯз аҳаммияти худро нигоҳ доштаанд.

Барои миллати мо Ибни Сино танҳо як шахсияти таърихӣ нест. Ӯ намунаи равшани он аст, ки муҳити маърифатпарвар, эҳтиром ба дониш ва ҷустуҷӯи пайвастаи ҳақиқат чӣ гуна метавонанд шахсияти дорои аҳаммияти умумибашариро ба камол расонанд.

Умари Хайём низ аз чеҳраҳои барҷастаи таърихи илму фарҳанги минтақа ва тамаддуни тоҷику форс мебошад. Ӯ на танҳо ҳамчун шоири соҳибандеша, балки пеш аз ҳама ҳамчун риёзидон, астроном ва файласуфи тавоно шинохта шудааст.

Дар соҳаи риёзиёт таҳқиқоти Хайём оид ба муодилаҳои дараҷаи сеюм ва роҳҳои ҳалли геометрии онҳо аҳаммияти махсус доранд. Ӯ бо истифода аз усулҳои геометрӣ масъалаҳои мураккаби алгебравиро таҳлил намуда, дар инкишофи донишҳои риёзии замони худ саҳми назаррас гузоштааст. Осори илмии ӯ нишон медиҳад, ки Хайём ба масъалаҳои назариявӣ бо тафаккури дақиқ ва муносибати таҳлилӣ муносибат мекард.

Дар соҳаи астрономия низ фаъолияти ӯ қобили таваҷҷуҳ аст. Иштирок дар таҳияи тақвими ислоҳшудаи Ҷалолӣ яке аз намунаҳои муҳими татбиқи донишҳои илмӣ дар ҳалли масъалаҳои амалии ҷомеа мебошад. Ин таҷриба нишон медиҳад, ки илм дар андешаи Хайём танҳо маҷмӯи назарияҳо набуда, балки воситаи дарки қонуниятҳои табиат ва ташкили ҳаёти инсон низ ба шумор мерафт.

Дар баробари фаъолияти илмӣ, Хайём бо рубоиёти пурмазмуни худ дар таърихи адабиёти ҷаҳон ҷойгоҳи хос пайдо кардааст. Андешаҳои ӯ дар бораи ҳастӣ, вақт, зиндагӣ, маърифати инсон ва арзиши лаҳзаҳои ҳаёт то имрӯз мавриди таваҷҷуҳи хонандагону муҳаққиқони кишварҳои гуногун қарор доранд.

Ҷолиб он аст, ки дар шахсияти Хайём тафаккури риёзидон бо андешаи шоирона ба ҳам омадааст. Ӯ бо забони илм қонуниятҳои оламро меҷуст ва бо забони шеър масъалаҳои мураккаби ҳастии инсонро ба миён мегузошт. Маҳз ҳамин гуногунҷанба будани фаъолияти ӯ сабаби таваҷҷуҳи пайвастаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мероси Хайём гардидааст.

Яке аз вазифаҳои муҳими сиёсати фарҳангии ҳар давлат муаррифии мероси таърихию маънавии миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Дар ин замина, ташаббуси роҳбарияти ҷумҳуриамон оид ба баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО аҳаммияти махсус дорад.

Аҳаммияти ин чорабиниҳо дар он аст, ки мероси ду мутафаккири бузург дар муҳити байналмилалии илмӣ ва фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин иқдом барои муаррифии саҳми тамаддуни тоҷику форс дар рушди илму фарҳанги башарӣ ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ мусоидат мекунад.

Дар ин маврид як нуктаи илмӣ ва таърихиро бояд дақиқ дарк кард: ЮНЕСКО яке аз муассисаҳои махсусгардонидашудаи Созмони Милали Муттаҳид мебошад.

Баргузории чорабиниҳо дар қароргоҳи он маънои эътирофи аҳаммияти ҷаҳонии мероси ин шахсиятҳоро дорад. Дар иттилооти расмии дастрас Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём ҳамчун намояндагони барҷастаи анъанаи зеҳнӣ ва тамаддуни тоҷику форс муаррифӣ шудаанд.

Маҳз чунин муносибати дақиқ имкон медиҳад, ки ифтихори миллӣ бо ҳақиқати таърихӣ ва меъёрҳои таҳқиқоти илмӣ ҳамоҳанг бошад.

Ифтихор аз гузашта яке аз омилҳои муҳими ташаккули худшиносии миллӣ мебошад. Аммо ин ифтихор вақте арзиши воқеӣ пайдо мекунад, ки ба омӯзиши амиқи таърих, эҳтиром ба ҳақиқати илмӣ ва масъулият дар назди оянда такя намояд.

Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём намунаи равшани онанд, ки дониш сарҳад надорад. Осори онҳо дар муҳити таърихии муайян ба вуҷуд омада бошад ҳам, арзиши он ба тамоми инсоният тааллуқ дорад. Маҳз ҳамин хусусият бузургии онҳоро муайян мекунад: онҳо аз муҳити худ бархоста, бо андеша ва фаъолияти илмии хеш ба фарҳанги ҷаҳонӣ таъсир расонидаанд.

Барои миллати мо муаррифии чунин шахсиятҳо дар сатҳи байналмилалӣ на танҳо масъалаи ифтихори таърихӣ, балки ҷузъи муҳими сиёсати маориф, илм ва фарҳанг мебошад. Зеро ҳар қадар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо осори ниёгони мо бештар шинос гардад, ҳамон қадар имкониятҳои муаррифии мероси таърихию маънавии мо васеъ мешаванд.

Дар айни замон, мо набояд бузургии ниёгонро танҳо ба хотираи таърихӣ маҳдуд созем. Зарур аст, ки осори онҳоро ба забони илмии муосир таҳлил намоем, дастнависҳоро омӯзем, нашрҳои илмӣ ва тарҷумаҳои босифатро ба роҳ монем, осорхонаҳо ва марказҳои таҳқиқотиро тақвият бахшем ва донишҷӯёну муҳаққиқони ҷавонро ба омӯзиши мероси илмии онҳо ҷалб созем, дар сӯҳбатҳои оилавӣ мунтазам оид ба ҳайёт ва фаъолияти бузургони миллат ба фарзандон сабақ диҳем.

Хусусан, дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ омӯзиши осори Ибни Сино ва Хайёмро бояд бо таълими фанҳои муосир ҳамгиро намоем.

Бузургии миллат танҳо бо шумораи шахсиятҳои барҷастаи гузашта муайян намешавад. Он ҳамчунин дар сатҳи илму маорифи имрӯза, дастовардҳои муҳаққиқон, сифати таҳсилот ва саҳми насли ҷавон дар рушди ҷомеа таҷассум меёбад.

Агар Ибни Сино бо дониш ва ҷустуҷӯи пайвастаи ҳақиқат дар таърихи тиб мақоми баланд пайдо карда бошад, агар Умари Хайём бо тафаккури риёзӣ ва фалсафии худ дар рушди илм саҳм гузошта бошад, пас вазифаи насли имрӯза идома додани ҳамин анъанаи маърифатпарварист.

Мо бояд ба ҷавонон фаҳмонем, ки ифтихор аз Ибни Сино танҳо донистани номи ӯ ё мутолиаи қиссаҳои зиндагияш нест. Ифтихори ҳақиқӣ аз ӯ дар он зоҳир мешавад, ки табибони ҷавон бо донишҳои муосир, масъулияти касбӣ ва муносибати инсонпарварона ба беморон фаъолият намоянд. Ҳамчунин, арҷгузорӣ ба Хайём бояд дар ташаккули муҳаббат ба риёзиёт, тафаккури мантиқӣ, таҳқиқоти илмӣ ва эҷодкории насли нав таҷассум ёбад.

Баргузории чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж рӯйдоди муҳим дар муаррифии мероси таърихию маънавии кишварамон мебошад. Ин иқдом бори дигар таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба саҳми бузурги намояндагони тамаддуни миллати тоҷик дар рушди илму фарҳанги башарӣ ҷалб намуд.

Абуалӣ ибни Сино бо осори бунёдии худ дар тиб ва фалсафа, Умари Хайём бо дастовардҳои риёзӣ, астрономӣ ва адабии худ ба ганҷинаи тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзишманд гузоштаанд. Мероси онҳо аз доираи таърихи як халқ фаротар рафта, ба сарвати маънавии тамоми инсоният табдил ёфтааст.

Имрӯз, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба осори ин ду мутафаккири бузург арҷ мегузорад, барои мо - ворисони фарҳанг ва тамаддуни пурғановати ниёгон - зарур аст, ки ин эътирофро ба омили нави пешрафти илму маориф, таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди фарҳанги илмӣ табдил диҳем.

Абдусаторов Б. А., ассистенти кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи информатсионӣ


28.11.2026 2

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php