ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР БАРНОМАИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ «ИНТЕЛЛЕКТ-ШОУ» ҒОЛИБ ОМАДАНД

ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР БАРНОМАИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ «ИНТЕЛЛЕКТ-ШОУ» ҒОЛИБ ОМАДАНД

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар барномаи зеҳнию маърифатии телевизионии «Интеллект-шоу» фаъолона иштирок намуда, маҳорати баланди зеҳнӣ, донишу ҷаҳонбинӣ ва қобилияти таҳлилии худро нишон доданд.

Зимни баргузории барнома иштирокчиён аз рӯйи саволҳои гуногуни соҳаҳои илму дониш ва дигар самтҳои маърифатӣ донишу малакаи худро санҷида, бо омодагии хуб ва посухҳои дақиқ миёни дигар иштирокчиён фарқ карданд. Дар натиҷаи рақобати зеҳнӣ донишҷӯёни Донишгоҳ ғолиб омада, мақоми шоистаро соҳиб гардиданд.

Ин дастоварди донишҷӯён бозгӯи сатҳи баланди омодагии зеҳнӣ, кӯшишу талош барои донишандӯзӣ ва иштироки фаъоли ҷавонони Донишгоҳ дар чорабиниҳои илмию маърифатӣ мебошад.

Раёсати Донишгоҳ ғолибияти донишҷӯёнро табрик гуфта, ба онҳо дар таҳсил, фаъолияти илмӣ ва дастовардҳои минбаъда муваффақиятҳои нав орзу менамояд.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


12.11.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php