ДОНИШҶӮИ ХОРИҶИИ ДОНИШГОҲ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ СОҲИБИ ҶОЙИ ЯКУМ ГАРДИД

ДОНИШҶӮИ ХОРИҶИИ ДОНИШГОҲ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ СОҲИБИ ҶОЙИ ЯКУМ ГАРДИД

Донишҷӯи хориҷии Донишгоҳ Муҳаммадреза Зоре таҳти роҳбарии омузгори кафедраи физиологияи патологӣ Рустамова Л. М. дар Конференсияи XV-уми умумироссиягии илмӣ-назариявӣ ва II-юми байналмилалии илмӣ-назариявии донишҷӯён ва олимони ҷавон дар мавзуи «Современные аспекты медицины и биологии», ки дар шаҳри Ижевск баргузор гардид, сазовори ҷойи якум гардид.

Конференсияи мазкур бо иштироки донишҷӯён, муҳаққиқони ҷавон ва олимони соҳаи тиб ва биология аз кишварҳои гуногун баргузор шуда, ҳамчун майдони муҳими мубодилаи дониш, пешниҳоди натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва баррасии дастовардҳои навини илмӣ арзёбӣ гардид. Дар доираи ҳамоиш масъалаҳои мубрами тибби муосир, биология, технологияҳои ташхису табобат ва самтҳои нави таҳқиқоти илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Муҳаммадреза Зоре бо маърӯзаи илмии худ, ки таҳти роҳбарии омузгори кафедраи физиологияи патологӣ Рустамова Л. М. омода гардидааст, дар байни иштирокчиён ва ҳайати доварон баҳои баланд гирифта, барои мазмуну муҳтавои илмӣ, навоварӣ ва сатҳи баланди таҳлилӣ сазовори ҷойи якум дониста шуд.

Ин дастоварди арзанда бозгӯи сатҳи хуби омодагии илмии донишҷӯён, таваҷҷуҳи Донишгоҳ ба рушди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки ҷавонон дар чорабиниҳои байналмилалӣ мебошад. Ҳамзамон, муваффақияти мазкур саҳми омузгоронро дар тарбияи мутахассисони соҳибкасбу донишманд ва рушди робитаҳои байналмилалии илмӣ боз ҳам равшантар менамояд.

Раёсати Донишгоҳ Муҳаммадреза Зоре ва роҳбари илмии ӯ Рустамова Л. М.-ро ба муносибати ин дастоварди муҳим табрику таҳният гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ ба онҳо комёбиҳои нав ба нав орзу менамояд.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


20.05.2026 1

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php