ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ СОҲИБИ ҶОЙИ ЯКУМ ГАРДИД

ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ СОҲИБИ ҶОЙИ ЯКУМ ГАРДИД

Аз 7 то 8 майи соли 2026 дар Ҷумҳурии Узбекистон Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Равиши инноватсионӣ дар масъалаҳои мубрами тиб» ва Олимпиадаи байналмилалии «Андиҷон-2025» миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ баргузор гардид. Дар чорабиниҳои мазкур намояндагони Донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, бо дониш, малака ва сатҳи баланди омодагии илмии хеш натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.

Дар доираи конференсия ва олимпиада ду нафар донишҷӯи Донишгоҳ иштирок намуда, бо маърӯзаҳои илмии худ муаррифгари мактаби илмии муассиса гардиданд. Аз ҷумла, донишҷӯи курси 3-юми факултети тиббӣ Тошева Оиша таҳти роҳбарии омузгори кафедраи физиологияи патологӣ Рустамова Л. М. дар мавзуи «Нейрология как активный участник патофизиологических процессов центральной нервной системы» баромад намуда, бо маҳорати баланди илмӣ ва тарзи муосири пешниҳоди мавзуъ сазовори ҷойи якум гардид.

Ин дастоварди арзишманд бозгӯи таваҷҷуҳи роҳбарияти Донишгоҳ ба рушди фаъолияти илмӣ, омодасозии мутахассисони рақобатпазир ва иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар чорабиниҳои байналмилалӣ мебошад.

Раёсати Донишгоҳ ҳамаи иштирокчиёни чорабинии байналмилалиро барои иштироки фаъол ва натиҷаҳои шоиста самимона табрик намуда, ба Тошева Оиша ва роҳбари илмии ӯ Рустамова Л. М. барои ба даст овардани ҷойи якум изҳори сипос менамояд. Итминон дорем, ки чунин муваффақиятҳо минбаъд низ барои баланд гардидани нуфузи Донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳанд кард.


11.05.2026 7

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php