Дониш андар дил чароғи равшан аст,...
Ҳамасола бо иштироки Роҳбари давлат оғоз гардидани дарси сулҳ ва соли нави таҳсил дар кишвари мо гувоҳи равшани эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати мамлакат ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсии ҷомеа, мақому мартабаи илму маориф, маънавиёту маърифат, заҳмати омӯзгорону устодон ва саъю талоши донишҷӯёну хонандагон, яъне насли ояндасози миллат мебошад. Дар ин рӯз чун анъана дар тамоми муассисаҳои таҳсилотӣ ҷамъомади идона баргузор шуда, рӯзи нахустини соли нави дониш бо Дарси сулҳ оғоз меёбад.
Чунин як ҷамъомади бошукӯҳ имрӯз 1-уми сентябр дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино баргузор шуд, ки дар он Олимзода Насим Хоҷа - Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бекмуродзода Султон Бекмурод - Сардори хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ - ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.
Ректори донишгоҳ муҳтарам Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ ҷамъомадро оғоз намуда, ҳамаи омӯзгорон ва бахусус донишҷӯёни соли аввалро барои шомил гардидан ба донишгоҳи бонуфуз ва сазовор шудан ба номи боифтихори донишҷӯӣ табрик намуданд:
“Ҳозирини гиромӣ, донишҷӯёни азиз!
Пеш аз ҳама Шуморо ба ин даргоҳи илму хирад хайрамақдам мегӯям.
Боиси хушист, ки чун анъанаи нек имрӯз дар тамоми муассисаҳои таҳсилотии кишвар «Рӯзи дониш» дар вазъияти тантанавӣ таҷлил карда мешавад.
Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ҳайати профессорону омӯзгорон бо як руҳияи баланд, нерӯи тоза соли нави таҳсилро оғоз менамоянд.
Дар ин рӯзи муборак, меҳомони олиқадри мо, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Олимзода Насим Хоҷа баҳри табрики мову Шумо ва иштирок дар чорабинии тантанавии рӯзи Дониш, Дарси сулҳ ташриф оварданд.
Хуш омадед, Вазири муҳтарам.
Ташрифи Шумо ва бо иштироки Шумо оғоз гардидани соли нави таҳсил, ин як фоли нек аст.
Воқеан ҳам, роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва тандурустӣ тавваҷӯҳи махсус зоҳир менамоянд, ки натиҷаҳои назаррас ба даст омадааст.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва донишгоҳи тиббии Тоҷикистон сиёсати маорифпарваронаи пешвои муаззами миллатро амалӣ менамояд.
Донишҷӯёни азиз,
Аз фурсати муносиб истифода намуда, мехоҳам аз номи худ ва ҳайати профессорону омӯзгорон бо ин рӯзи фархунда Шуморо табрик намоям.
Донишҷӯёни азиз, пеш аз ҳама Шуморо ба сазовор гардидан ба унвони донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино табрик менамоям. Воқеан ҳам, Шумо ҷавонони саодатманди Тоҷикистон ба ҳисоб меравед, ки дар оянда соҳиби касби пуршарафи табибӣ мегардед.
Дар ин даргоҳи илму хирад ҳазорҳо нафар соҳиби касбу ҳунар гардида, аз байни хатмкардагони донишгоҳ олимони номдор, ихтироъкорону навоварон ва ҳазорҳо мутахассисони пешсаф ба камол расидаанд.
Гузашта аз ин, фарзандони фарзонаи миллати тоҷик Ибни Сино, Ал-Хоразмӣ, Закариёи Розӣ, Хайём ва садҳо тан аз нобиғаҳои дигар дар рушду равнақи илму фарҳанг ва кашфиётҳои ҷаҳонӣ нақши барҷаста гузоштанд, ки боиси ифтихори мост.
Донишҷӯёни азиз, ин Шуморо водор месозад, ки бо донишу маърифати баланд, салоҳияти баланди касбӣ кордониву зиракӣ, ҷаҳонбинии дунявӣ, ҳисси инсондӯстиву меҳанпарастӣ Вориси ҳақиқии Синои бузург бошед! (пауза)
Сатҳи донишу малака, ҷаҳонбинӣ ва саъю талоши ҷавонони имрӯза, яъне фарзандони замони истиқлолият моро ба ояндаи неки онҳо эътимод мебахшад.
Итминон дорам, ки донишҷӯёни курси якуми имсола бо дарки баланди масъулият таҳсилро оғоз намуда, баҳри аз худ намудани малакаву маҳорати касби табибӣ эътибори ҷиддӣ медиҳанд.
Шогирдони азиз!
Роҳбарияти донишгоҳ бо дарназардошти тамоюлоти ҷаҳони муосир, талаботҳои муосири ҷомеаро ба назар гирифта, ҷараёни таълимро ба талаботҳои байналмилаливу давлатӣ мутобиқ намудааст.
Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки тайи 2 соли охир 4 бинои таълимӣ пурра аз таъмири капиталӣ бароварда шуд, ки ба тамоми талаботҳои муосири таҳсилот ҷавобгӯ мебошад. Толорҳои замонавӣ, синфхонаҳои он бо таҷҳизотҳои муосири таълимӣ ҷиҳозонида шудааст.
Дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар баргузории имтиҳонҳову санҷишҳо ва натиҷагирии онҳо шаффофият ба пуррагӣ таъмин гардидааст. Қабули имтиҳонҳову санҷишҳо ва баҳодиҳӣ ба дониши донишҷӯён тариқи барномаҳои компютерӣ ба роҳ монда шудааст, ки шаффофият ва аз байн бурдани таъсири омилҳои инсониро ба баҳодиҳии натиҷаи таҳсил таъмин менамояд.
Дар умум, бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва Вазорати маориф ва илм шароити муосири таълимӣ дар донишгоҳи тиббӣ таъмин гардидааст, ки баҳри таҳсилоти босифат нақши калидӣ мебошад. Мо ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки донишҷӯёни мо бо муосиртарин технология ва дар шароити замонавӣ таълим бигиранд.
Самимона ва бо меҳрубонии зиёд ҳар яки Шуморо бо сазовор гардидани донишҷӯйи донишгоҳи тиббӣ муборак мегӯям!
Рӯзи дониш ва соли нави таҳсил муборак, устодону донишҷӯёни азиз!"
Баъдан ректор суханро ба Олимзода Насим Хоҷа - Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дод. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ҳамаи омӯзгорону донишҷӯён бо Рӯзи дониш ва дарси сулҳ табрик намуда, аз ҷумла гуфт:
“Устодони гиромиқадр ва донишҷӯёни азиз!
Қаблан мехоҳам ҳамаи Шуморо бо оғози соли нави таҳсили 2019-2020 табрику таҳният гуфта, ба ҳар кадоми Шумо бахту иқболи баланд хуррамию сарсабзиҳо ва барору муваффақияти кору таҳсилро таманно намоям.
Маълум аст, ки имрӯз як зумра ҷавонони нектолеъ ва соҳибистеъдоди кишвар, ки баъди супоридани имтиҳоноти қабул дар Маркази миллии тестӣ ба унвони донишҷӯи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино мушарраф гаштаанд, бори аввал бо нияти омӯхтани касби пуршарафи табибӣ ба ин даргоҳи муқаддас қадам мегузоранд.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи онҳоро ба ин муносибат сидқан табрику муборакбод намуда, хоҳони онам, ки дар шоҳроҳи мушкил вале пуршарафи илмомӯзӣ ҳамеша муваффақ бошанду бо хониши аълою интизоми намунавӣ дар баланд бардоштани мақому манзалати Донишгоҳи тиббӣ ва ватани азизамон саҳми босазои худро гузоранд.
Донишҷӯёни азиз!
Бояд ҳар кадоми шумо ба хуби донед, ки тибби тоҷик таърихи бою рангин дорад ва табиби ҳақиқии ояндаро зарур меояд, ки дар баробари аз худ кардани асосҳои илми тибби муосир инчунин савияи донишу касбии хешро аз ҳисоби омӯзиши мероси бойи муттафакирони гузашта баланд бардорад.
Имрӯз илми тиб дар баробари дигар илмҳои муосир бо суръати ниҳоят баланд рушду инкишоф ёфта ба мутахассисони соҳа бо дастовардҳои навинаш имкониятҳои нав ба нави табобати бемориҳои гуногунро фароҳам меорад. Азхуд намудани навгониҳои илми тиб ва истифодаи оқилонаи онҳо дар таҷрибаи амалӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи толибилмони донишгоҳи тиббӣ ба ҳисоб меравад. Бояд, қайд кард, ки солҳои охир вазъияти таълиму тарбия дар донишгоҳи тиббӣ ба куллӣ тағйир ёфта, даҳҳо кафедраву озмоишгоҳ ва клиникаҳои бо таҷҳизотҳои навтарин муҷаҳҳаз ба мақсади ташкили дурусту ба талаботи таҳсилоти тиббии байналмилалӣ ҷавобгӯи касбомӯзони ҷавон равона карда шудааст.
Воқеан, ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, таърихи бою рангин дорад. Донишгоҳ ҳамчун маркази асосии тарбияи мутахассисони дорои маълумоти олии соҳаи тандурустӣ дар ҷумҳурӣ фаъолият менамояд.
Дар тӯли фаъолияти 80 солаи худ Донишгоҳ зиёда аз 43 ҳазор мутахассисони варзидаи соҳаро тайёр намудааст, ки онҳо ҳам дар ватани азизамон ва ҳам дар зиёда аз 40 мамлакати дунё сарбаландона кору фаъолият доранд, ки ин боиси ифтихори миллати тоҷик аст.
Таъсис ёфтани Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар китоби таърихи миллати тоҷик дурахшонтарин саҳифаи ташаккул ва таҳаввули илми тиб, таҳсилоти олии тиббӣ ва хадамоти нигоҳдории тандурустӣ мебошад. Бешубҳа, тамоми дастовардҳои системаи нигоҳдории тандурустии ҷумҳурӣ бо фаъолияти самараноку пурмаҳсули кормандони ин даргоҳи илму фарҳанг робитаи ногусастанӣ дошт ва дорад.
Имрӯз боиси ифтихори ҳар кадоми мо гаштааст, ки Донишгоҳи тиббӣ на танҳо дар кишвари азизамон, балки берун аз он ҳам ҳамчун яке аз муассисаҳои бонуфузи илмӣ ва маркази боэътимоди омодасозии мутахассисони олидараҷаи тиб шуҳрати хосаро касб намудааст. Натиҷаи ҳамин аст, ки сол аз сол сафи муҳассилини донишгоҳ аз кишварҳои дуру наздики хориҷӣ меафзояд. Алҳол дар ин даргоҳи олӣ аз 16 кишвари олам бештар аз 1400 нафар толибилмон паҳлу ба паҳлу бо ҷавонони тоҷик дар фазои дӯстию бародарӣ ва якдигарфаҳмию ҳусни тафоҳум бомуваффақият таҳсил менамоянд.
Хамаи ин бошад, тавассути сиёсати сулҳҷуёна ва хирадмандонаи Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гаштааст.
Имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик ба чашни муҳими дарпешистода 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон омодагӣ мегирад.
Дар ин муҳлати начандон тӯлонии таърих Тоҷикистони азизи мо ба як кишвари шукуфону обод табдил ёфта, чи дар соҳаи иқтисод ва чи дар сиёсату иҷтимоиёт ба дастовардҳои назаррас ноил гашта, эътибори худро дар ҷомеаи ҷахонӣ хеле баланд намуд. Тоҷикистон узви комилҳуқуқи аксар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ буда, ташаббусҳои неки он аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва кулли давлатҳои қудратманди ҷаҳонӣ ҳамеша бо майли том дастгирӣ ёфта, пойтахти азизи кишварамон-шаҳри Душанбе бошад, ба маркази баргузории чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Қобили қайд аст, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба рушду инкишофи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок ҳамеша диққату эътибори ҷиддӣ дода, дар ин росто қарору қонунҳои зиёдеро қабул ва роҳандозӣ менамояд.
Дар тамоми вохӯриҳояшон бо аҳли маориф Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста қайд менамоянд, ки ҳадафи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат дар соҳаи маориф пеш аз ҳама гузоштани заминаи устувор барои тарбияи созандагони ҷомеаи пешрафта, яъне наврасону ҷавонони имрӯза мебошад. Зеро бунёди ҷомеаи муосир ва давлати пешрафта бидуни насли соҳибмаърифату донишманд ва мутахассисони баландихтисос ғайриимкон мебошад.
Бешак, ин ҳадафи олӣ дар назди донишҷуёни азизи мо вобаста ба омӯзиши амиқи нозукиҳои касби интихобкардаашон масъулияти ҷиддиеро пеш гузошта, инчунин устодони соҳибтаҷрибаи моро ба дарки бештари масъулият дар тарбияи шогирдон водор месозад.
Устодон ва донишҷӯёни азиз!
Баъд аз чанд рӯз мардуми сарбаланди кишварамон ҷашни бузург-28-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳуриро дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдату ягонагӣ ҷашн хоҳад гирифт. Аз фурсати муносиб истифода бурда ҳамаи Шуморо бо ин санаи муборак табрику таҳният гуфта, ба Шумо тамоми хушиҳои рӯзгор ва комёбиҳои беназири кору таҳсилро орзу менамоям. Боварӣ дорам, ки ки аҳли донишгоҳ дар соли ҷашнии 80-солагии таъсисёбии ин даргоҳи муқаддас ба муваффақиятҳои боз ҳам назаррас ноил гашта, ин санаи фархундаро бо дастовезҳои арзанда истиқбол мегиранд.
Соли нави таҳсил муборак, устодон ва донишҷӯёни азиз!”
Дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ омӯзгорону донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо мароқ тамошо карда, як ҷаҳон маънӣ бардоштанд.
Барномаи консертӣ бо иштироки дастаи ҳаваскорони донишгоҳ чун армуғони ҷашнӣ ба иштирокчиёни ҷамъомади мутантан тақдим карда шуд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия