ДИПЛОМ ВА ҶОИЗАИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАКУ ФАРХУНДА БОД, ОЛИМИ ҶАВОН ФИРДАВС АБДУШУКУРОВИЧ!

ДИПЛОМ ВА ҶОИЗАИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАКУ ФАРХУНДА БОД, ОЛИМИ ҶАВОН ФИРДАВС АБДУШУКУРОВИЧ!

Санаи 14-уми апрел, дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ҳамоиши илмӣ-назариявӣ бо иштироки олимону муҳаққиқон баргузор гардид. Дар ҷараёни ҳамоиш таъкид гардид, ки Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба илм ҳамчун омили пешбарандаи ҷамъият ва ва олим ҳамчун сарвати бебаҳои ақлонӣ нигариста, барои ривоҷу равнақи минбаъдаи илм ва беҳтар намудани шароити иҷтимоиву иқтисодии олимон чораҳои зарурӣ меандешанд, зеро рушди босуботи соҳаи илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ ва таъминкунандаки пешрафти ҷомеа ва давлат маҳсуб меёбад.

Дар доираи чорабинӣ як қатор олимону муҳаққиқон бо ҷоизаҳо, дипломҳо ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд. Аз ҷумла, боиси ифтихор ва хушнудист, ки ассистенти кафедраи физиологияи патологӣ, сарходими шӯъбаи микросиркулятсия ва эндотелий-и Пажӯҳишгоҳи тиббӣ бунёдӣ, номзади илмҳои тиб Шукуров Фирдавс Абдушукурович аз ҷониби Президенти АМИ Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қ.Х. бо Ҷоиза ва Дипломи Академияи миддии илмҳои Тоҷикистон барои силсилаи корҳои илмию таҳқиқотӣ дар мавзуи “Дисфунксияи эндотелия ҳангоми шаклҳои гуногуни бемории ишемиявии дил”, сарфароз гардонида шуд.

Ин дастовард як тӯҳфаи нек бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои тамоми муҳити илмӣ ва таълимии кишвар мояи ифтихор ва намунаи ибрат барои ҷавонони илмдӯст мебошад.

Ҳайати профессорону омузгорони кафедраи физиологияи патологӣ ва кормандони Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ Шукуров Фирдавс Абдушукурович-ро барои шарафёб гардидан ба ин дастоварди баланди илмӣ табрику таҳният гуфта, ба ӯ барору муваффақият, сарбаландиву саодатмандӣ ва дар роҳи расидан бар қуллаҳои баланди илмӣ пирӯзӣ таманно менамояд.


Диплом ва Ҷоизаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хуҷаста бод, олими ҷавон Шукуров Фирдавс Абдушукурович!

 

Кафедраи физиологияи патологӣ

Шӯъбаи микросиркулятсия ва эндотелий-и МД ПТБ


15.04.2026 13

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php