ДАВРИ АВВАЛИ ҲАМОИШИ ЗЕҲНИИ ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТҲО БО МУВАФФАҚИЯТ БАРГУЗОР ГАРДИД
Бо мақсади рушд ва таҳкими донишҳои назариявию амалии донишҷӯён, баланд бардоштани сатҳи тафаккури мантиқӣ ва таҳлилӣ, инчунин ташаккули қобилияти истифодаи дониш дар шароити рақобати зеҳнӣ, дар донишгоҳ маҳфили илмӣ-озмунӣ аз фанни физиологияи нормалӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур донишҷӯёни ҳамаи факултетҳои донишгоҳ, аз ҷумла факултетҳои фармасевтӣ, тиббӣ-профилактикӣ, педиатрӣ, стоматологӣ ва тиббӣ иштирок намуданд. Ҳар як даста аз 10 нафар иборат буда, миёни онҳо рақобати солими зеҳнӣ ба роҳ монда шуд. Чорабинӣ дар фазои илмӣ ва дӯстона баргузор гардида, ба рушди малакаҳои кори даставӣ, баланд бардоштани шавқу рағбат ба омӯзиши фанни физиология ва дарёфти донишҷӯёни лаёқатманд мусоидат намуд.
Маҳфил аз ду давра иборат аст. Дар давраи аввал ҳамаи дастаҳои факултетҳо иштирок намуда, дар панҷ марҳилаи озмун - муаррифии дастаҳо, ҳалли сканворди физиологӣ, шарҳи механизмҳои физиологӣ, таҳияи нақшаҳои физиологӣ ва ҳалли масъалаҳои мавридӣ (ситуатсионӣ) қувваозмоӣ карданд. Ба ҳар ҷавоби дуруст аз ҷониби ҳайати ҳакамон то 20 хол дода мешуд. Дар натиҷа, се дастаи беҳтарин ба давраи ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
Ба ҳайати ҳакамон омӯзгорони ботаҷрибаи кафедра шомил буданд, ки баҳогузориро бо риояи меъёрҳои одилона ва шаффоф анҷом доданд. Саволҳо дар асоси барномаҳои таълимии амалкунанда таҳия гардида, сатҳи дониш, қобилияти таҳлил ва истифодаи амалии донишҳои иштирокчиёнро фаро мегирифтанд.
Натиҷаҳои ҳамоиш нишон доданд, ки донишҷӯён дорои сатҳи хуби донишҳои назариявӣ буда, инчунин қобилияти баланди таҳлил, хулосабарорӣ ва кори даставиро соҳиб мебошанд. Чорабинӣ ба таҳкими ҳамкории байни факултетҳо ва баланд бардоштани фарҳанги илмии донишҷӯён мусоидат намуд.
Дар анҷоми маҳфил ғолибон муайян гардиданд. Ҷойи аввалро дастаи донишҷӯёни факултети тиббӣ, ҷойи дуюмро дастаи донишҷӯёни факултети педиатрӣ, ҷойи сеюмро дастаи донишҷӯёни факултети стоматологӣ соҳиб гардиданд. Ҷойи чорум насиби дастаи донишҷӯёни факултети тиббӣ-профилактикӣ гардида, ҷойи панҷумро дастаи донишҷӯёни факултети фармасевтӣ ишғол намуд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар давраи дуюми ҳамоиш миёни се дастаи аввал рақобат барои ба даст овардани унвони фахрии «Донандаи беҳтарини физиология» идома хоҳад ёфт.
Дар маҷмӯъ, маҳфили илмӣ-озмунӣ дар сатҳи баланди ташкилї баргузор гардида, ба ноил шудан ба ҳадафҳои пешбинишуда мусоидат намуд ва барои рушди минбаъдаи фаъолияти илмї ва таълимии донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам овард.
КАФЕДРАИ ФИЗИОЛОГИЯИ НОРМАЛӢ