ДАСТОВАРДИ НАВИ ҶОМЕАИ ИЛМИИ ДОНИШГОҲ

ДАСТОВАРДИ НАВИ ҶОМЕАИ ИЛМИИ ДОНИШГОҲ

Раёсат ва ҳайати омузгорону кормандони Донишгоҳ Идизода Шаҳзода Ҳокимшоҳро ба муносибати ҳимояи бомуваффақияти рисолаи илмӣ самимона табрик менамоянд.

16 июни соли 2026 дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-006 назди Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Шаҳзода Ҳокимшоҳ рисолаи илмии худро дар мавзууи «Хусусиятҳои ҷараёни ҳомиладорӣ, таваллуд ва натиҷаҳои перинаталӣ дар занони дорои нуқсонҳои инкишофи бачадон» бомуваффақият ҳимоя намуд. Рисолаи мазкур дар кафедраи акушерӣ ва гинекологияи №1-и Донишгоҳ таҳия гардида, аз рӯйи ихтисоси 3.3.1 -Акушерӣ ва гинекология пешниҳод шуд.

Таҳқиқоти анҷомдодашуда ба яке аз масъалаҳои муҳими акушерӣ ва гинекология бахшида шуда, дорои аҳаммияти назариявӣ ва амалӣ мебошад. Натиҷаҳои илмии рисола дар 17 мақолаву маводи илмӣ инъикос гардидаанд, ки аз онҳо 5 мақола дар маҷаллаҳои илмии тақризшаванда ба нашр расидаанд.

Роҳбарии илмии рисоларо академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб, профессор Додхоева Мунаввара Файзуллоевна ба уҳда дошт. Дар ҷараёни ҳимоя муҳаққиқ аз ҷониби аъзои Шӯрои диссертатсионӣ баҳои баланд гирифта, бо қарори якдилонаи онҳо сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои тиб дониста шуд.

Ин дастоварди арзанда натиҷаи меҳнати пайваста, ҷаҳонбинии илмӣ, масъулиятшиносӣ ва талошҳои пайгиронаи муҳаққиқ дар роҳи рушди илми тиб мебошад. Боиси хушнудист, ки сафи олимони ҷавони донишгоҳ боз ҳам пурра гардида, иқтидори илмии муассиса тақвият меёбад.

Ба Идизода Шаҳзода Ҳокимшоҳ дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ, омӯзгорӣ ва касбӣ муваффақиятҳои нав, саломатии бардавом, неруи созанда ва дастовардҳои боз ҳам назаррас орзу менамоем.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕАИ ХАДАМОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ


23.06.2026 8

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php