ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ АСПИРАНТИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ -ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»

ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ АСПИРАНТИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ -ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки аспиранти Донишгоҳ Шарифзода Суннатулло Аҳмад дар даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» дар соли 2026 аз рӯйи номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» миёни ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон, докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD), докторантони ҳабилитат, унвонҷӯён, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва намояндагони касбу кори гуногун сазовори ҷойи якум гардид.

Ин дастоварди назаррас бозгӯи қобилияти баланди илмӣ, тафаккури эҷодӣ, ҷустуҷӯҳои пайваста ва талошҳои самарабахши аспиранти Донишгоҳ дар самти ихтироъкорӣ ва навоварӣ мебошад. Ҳамзамон, чунин муваффақият аз муҳити мусоиди илмӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти Донишгоҳ ба рушди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, дастгирии муҳаққиқони ҷавон ва ташаккули неруи зеҳнии онҳо шаҳодат медиҳад.

Бояд таъкид намуд, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии илмӣ, дарёфти истеъдодҳои нав, ҳавасмандгардонии фаъолияти ихтироъкорӣ ва ҷалби бештари ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ баргузор гардида, барои муаррифии дастовардҳои илмии муҳаққиқон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Раёсат ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳ Шарифзода Суннатулло Аҳмадро ба муносибати соҳиб гардидан ба ҷойи якум дар даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» самимона табрику таҳният гуфта, ба ӯ саломатӣ, саодатмандӣ, неруи тоза, комёбиҳои минбаъдаи илмӣ ва дастовардҳои боз ҳам бештарро дар роҳи таҳқиқоту ихтироъкорӣ орзу менамоянд.

Итминон дорем, ки ин пирӯзӣ барои идомаи фаъолияти пурсамари илмӣ, пешниҳоди навовариҳои судманд ва фатҳи қуллаҳои баланди илму маърифат заминаи устувор гузошта, боиси афзудани нуфузу эътибори Донишгоҳ дар арсаи илми кишвар мегардад.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


31.10.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php