ДАСТОВАРДИ АРЗАНДАИ ОЛИМОНИ ҶАВОН: ПИРӮЗИҲОИ НАВ ДАР ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВИИ “РӮЗИ ИЛМИ ТОҶИК”

ДАСТОВАРДИ АРЗАНДАИ ОЛИМОНИ ҶАВОН: ПИРӮЗИҲОИ НАВ ДАР ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВИИ “РӮЗИ ИЛМИ ТОҶИК”

Дар доираи таҷлили “Рӯзи илми тоҷик” бо ибтикори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмунҳои ҷумҳуриявии “Олими сол”, “Магистранти сол” ва “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон” баргузор гардиданд. Ин чорабинии бонуфузи илмӣ бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии фаъолияти илмию таҳқиқотии муҳаққиқони ҷавон, баланд бардоштани мақоми илм дар ҷомеа ва рушди неруи зеҳнии кишвар роҳандозӣ шудааст.

Дар ин озмунҳо намояндагони Донишгоҳ иштироки фаъолона намуда, бо натиҷаҳои назаррас шарафи муассисаро ҳифз карданд. Аз ҷумла, Салимов Фирдавс -докторанти PhD, соли таҳсили 3-юми кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №2 ба номи академик Усмонов Н. У., сазовори ҷойи 1-ум гардид. Хушвахтов Умедҷон-докторанти PhD, соли таҳсили 3-юми кафедраи урология ба номи профессор Осимӣ А. С., ҷойи 2-юмро ишғол намуд. Убайдуллозода Исмоил -докторанти PhD, соли таҳсили 3-юми кафедраи оториноларингология, сазовори ҷойи 3-юм гардид. Ҳамзамон, Солеҳзода Ш. З. -магистранти соли 2-юми кафедраи беҳдошти муҳити зист, дар номинатсияи “Магистранти сол” ҷойи аввалро ба даст овард.

Ин дастовардҳои назаррас гувоҳи равшани сатҳи баланди омодагии илмӣ, ҷустуҷӯи пайваста ва заҳмати шабонарӯзии муҳаққиқони ҷавони Донишгоҳ буда, саҳми муассир дар рушди илми ватанӣ арзёбӣ мегарданд.

Роҳбарияти Донишгоҳ ва ҳайати профессорону омузгорон ғолибон ва иштирокчиёни озмунро самимона табрику таҳният намуда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ муваффақиятҳои боз ҳам бештар, кашфиёти нав ва қуллаҳои баланд орзу менамоянд. Боварии комил изҳор мегардад, ки ин ҷавонони лаёқатманд дар оянда низ бо дастовардҳои назаррас номи Донишгоҳ ва илми тоҷикро дар арсаи миллӣ ва байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардоранд.


27.04.2026 10

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php