ДАСТОВАРДҲОИ ВАРЗИШИИ ДОНИШГОҲ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

ДАСТОВАРДҲОИ ВАРЗИШИИ ДОНИШГОҲ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳ мусобиқаҳои варзишӣ миёни муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар баргузор гардиданд.

Мусобиқаҳо бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, тарғиби варзишу тарбияи ҷисмонӣ, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ миёни кормандони муассисаҳои соҳа ва дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор гардида, иштирокчиён аз рӯйи намудҳои волейбол (миёни мардон ва занон), тенниси рӯйи миз, шашка ва шоҳмот қувваозмоӣ намуданд.

Дар мусобиқа намояндагони муассисаҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар иштирок намуда, барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ маҳорати варзишӣ ва омодагии хуби ҷисмонии худро нишон доданд.

Варзишгарони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино низ дар ин мусобиқаҳо иштироки фаъолона намуда, бо нишон додани маҳорати баланд ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.

Аз ҷумла, дастаи мардонаи Донишгоҳ дар намуди волейбол сазовори ҷойи аввал гардид. Дастаи волейболи занонаи Донишгоҳ бошад, ҷойи дуюмро ишғол намуд.

Дар намуди шоҳмот низ намояндагони Донишгоҳ маҳорати баланди худро нишон дода, миёни мардон ва занон ҷойҳои якум ва дуюмро соҳиб шуданд.

Дар намуди тенниси рӯйи миз низ варзишгарони Донишгоҳ иштироки шоиста намуда, дастаҳои мардона ва занона се ҷойи аввалро ба даст оварданд.

Ин натиҷаҳо шаҳодати онанд, ки дар Донишгоҳ ба рушди тарбияи ҷисмонӣ, оммавигардонии варзиш ва ташаккули тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Дастовардҳои варзишгарони донишгоҳ дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ боиси ифтихори аҳли донишгоҳ буда, барои ҷалби бештари кормандону донишҷӯён ба варзиш заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Қобили зикр аст, ки баргузории чунин мусобиқаҳо на танҳо барои муайян намудани беҳтарин варзишгарон, балки барои таҳкими рӯҳияи солимгардонӣ, дӯстиву ҳамбастагӣ ва тарғиби арзишҳои варзишӣ дар байни кормандони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар аҳамияти муҳим дорад.

Раёсат ва Иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳ ғолибонро ба ин дастоварди назаррас табрику муборакбод намуда, барояшон саломатии бардавом орзу менамоянд.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


04.09.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php