ДАСТОВАРДҲОИ ДОНИШГОҲ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ОЛИМПИАДАИ ИЛМӢ ДАР ҶУМҲУРИИ УЗБЕКИСТОН

ДАСТОВАРДҲОИ ДОНИШГОҲ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ОЛИМПИАДАИ ИЛМӢ ДАР ҶУМҲУРИИ УЗБЕКИСТОН

Аз 7 то 8 майи соли 2026 дар Ҷумҳурии Узбекистон Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Равиши инноватсионӣ дар масъалаҳои мубрами тиб» ва 2-юмин Олимпиадаи байналмилалии «Андиҷон-2025» миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ баргузор гардид.

Дар чорабиниҳои мазкур намояндагони Донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Аз ҷумла, ду нафар донишҷӯи донишгоҳ дар кори конференсия ва олимпиада ширкат варзиданд.

Аз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбастӣ донишҷӯён сазовори ҷойи 2-юм ва 3-юм гардиданд.

Раёсати Донишгоҳ дастоварди донишҷӯёнро самимона табрик намуда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ, таҳқиқотӣ ва омузишӣ комёбиҳои бештар орзу менамояд. Қайд гардид, ки чунин муваффақиятҳо натиҷаи талошҳои пайваста, сатҳи хуби омодагӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ ба ҳисоб мераванд.


08.05.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php