ДАСТОВАРДҲОИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ АЗ ФАННИ АНАТОМИЯИ ПАТОЛОГӢ

ДАСТОВАРДҲОИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ  АЗ ФАННИ АНАТОМИЯИ ПАТОЛОГӢ

Дар I Олимпиадаи байналмилалии донишҷӯён аз фанни анатомияи патологӣ таҳти унвони «Единство в многообразии: морфология без границ», ки дар ФГБОУ ВО “Алтайский государственный медицинский университет” шаҳри Барнаули Федератсияи Русия баргузор гардид, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

         Дар ин олимпиадаи бонуфузи илмӣ донишҷӯи курси 3-юми факултети тиббӣ Нормаҳмадов Искандар Бахтиёрович ва донишҷӯи курси 3-юми факултети педиатрӣ Собиров Собирҷон Уринбоевич таҳти роҳбарии мудири кафедраи анатомияи патологӣ Тағайқулов Эркинҷон Холикулович аз номи кафедраи анатомияи патологӣ иштирок карданд. Онҳо дар рақобат бо намояндагони донишгоҳҳои олии тиббии Федератсияи Русия, Қазоқистон, Беларус, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дониши амиқи худро нишон дода, сазовори ҷойи 2-юм гардиданд.

         Олимпиада бо мақсади рушди потенсиали эҷодӣ, муайян кардани ҷавонони соҳибистеъдод, баланд бардоштани сифати таҳсилоти олии тиббӣ, ташаккули салоҳиятҳои касбии табибони ояндаи патологоанатом, ҳавасмандгардонии таваҷҷуҳ ба фаъолияти илмию тадқиқотӣ ва тарғиби дастовардҳои муосири илмҳои морфологӣ баргузор гардид. Дар марҳилаи аввал зиёда аз 800 дархост, комиссияи коршиносон 190 иштирокчиро ба давраҳои дуюм ва сеюм интихоб намуданд.

         Олимпиадаи мазкур аз се марҳила иборат буд. Марҳилаи аввал ба интихоби иштирокчиён ва назорати ҷиддии донишҳои ибтидоӣ бахшида шуд. Марҳилаи дуюми эҷодӣ омода кардани корҳоро дар шаш номинатсия, аз ҷумла «Голос патоморфологии», «Морфо-Арт: Визуальный код болезни», «Диагностика в объективе», «Единство в деталях», «Морфология будущего: взгляд сквозь микроскоп» ва «Морфологическая лирика» дар бар мегирифт. Марҳилаи сеюми зеҳнӣ аз ҳалли супоришҳои дараҷаи гуногуни мураккабӣ, ба мисли саволҳои тестӣ, кейсҳои клиникӣ, масъалаҳои вазъиятӣ ва ташхиси макро ва микроскопиро шомил буд, ки сохтори он аз 7 блоки назоратию мавзӯӣ иборат буд.

  Дастоварди донишҷӯёни мо Нормаҳмадов Искандар ва Собиров Собирҷон натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ ва омодагии ҷиддии онҳо дар кафедраи анатомияи патологӣ мебошад. Ин муваффақият бори дигар собит намуд, ки донишҷӯёни мо дар арсаи байналмилалӣ рақобатпазиранд ва сатҳи омодагии онҳо ба стандартҳои муосири ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст.

 

Тағайқулов Э.Х.-мудири кафедраи анатомияи патологӣ


15.05.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php