ДАСТГИРИИ ДОНИШҶӮЁНИ ЯТИМИ КУЛЛ ВА ДОРОИ МАЪЮБИЯТ АЗ ҶОНИБИ РОҲБАРИЯТИ ДОНИШГОҲ

ДАСТГИРИИ ДОНИШҶӮЁНИ ЯТИМИ КУЛЛ ВА ДОРОИ МАЪЮБИЯТ АЗ ҶОНИБИ РОҲБАРИЯТИ ДОНИШГОҲ

Дар арафаи таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳ ва Иттифоқҳои касабаи донишҷӯён вохӯрӣ бо донишҷӯёни ятими кулл ва дорои маъюбият баргузор гардида, ба онҳо кӯмаки якдафъаинаи молиявӣ расонида шуд.

Зимни вохӯрӣ ректори Донишгоҳ, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ донишҷӯёнро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрик намуда, таъкид карданд, ки дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбат ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, бахусус ятимони кулл ва шахсони дорои маъюбият, яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Қайд гардид, ки ин қишри ҷомеа ҳамеша таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, роҳбарияти Донишгоҳ низ дар ин замина дастгирии онҳоро яке аз вазифаҳои муҳими худ медонад.

Дар идомаи суҳбат ба донишҷӯён ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамовардашуда, бо баҳои хубу аъло таҳсил намудан, риояи қатъии қоидаҳои тартиботи дохилидонишгоҳӣ, муносибати масъулиятнок ба шароити зисту зиндагӣ дар хобгоҳҳо ва пайравӣ аз одобу ахлоқи ҳамида тавсияҳо дода шуданд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки донишҷӯён бояд дар раванди таҳсил ва ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолу ташаббускор бошанд, бо рафтору гуфтори намунавӣ барои дигарон ибрат гарданд ва дар муқовимат ба зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз ҷумла бегонапарастӣ, терроризм ва экстремизм, мавқеи устувори шаҳрвандӣ дошта бошанд.

Муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Аҳрориён Зарина Асрор ва муовини ректор оид ба корҳои хоҷагию маъмурӣ Гулмаҳмадзода Зафар Гулмаҳмад низ зимни суханронӣ андешаҳои худро баён намуда, донишҷӯёнро ба донишандӯзӣ, риояи меъёрҳои ахлоқӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, масъулиятшиносӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти донишгоҳ ҳидоят карданд.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Донишгоҳ 64 нафар донишҷӯ аз ҷумлаи қишрҳои мазкур, аз ҷумла 32 нафар ятими кулл ва 32 нафар донишҷӯи дорои маъюбият ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Роҳбарияти Донишгоҳ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсилу зиндагӣ ва дастгирии иҷтимоии онҳо пайваста тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Чунин иқдомҳо бозгӯи таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти Донишгоҳ ба донишҷӯён, таҳкими рӯҳияи ҳамдигарфаҳмию инсондӯстӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсилу камолоти ҷавонон мебошанд.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


25.11.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php