ДАРСИ ТАРБИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ОМӮЗГОР

ДАРСИ ТАРБИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ОМӮЗГОР

Дар кафедраи фанҳои ҷомеашиносии Донишгоҳ бахшида ба Рӯзи омӯзгор бо иштироки донишҷӯёни курси якуми факултети тиббӣ таҳти роҳбарии муаллимаи калони кафедра, номзади илмҳои фалсафа Сафарзода М. Ҷ. дарси тарбиявӣ баргузор гардид.

Дар рафти дарс нақши омӯзгор дар таълиму тарбияи насли наврас, мақоми устод дар ҷомеа ва саҳми аҳли маориф дар рушди маънавию илмии ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифт. Донишҷӯён бо қироати шеърҳо ва пешниҳоди маърӯзаҳо эҳтирому арҷгузории хешро ба омӯзгорон ифода намуда, дар бораи мақоми баланди устоду омӯзгор дар ҳаёти инсон андешаҳои худро баён карданд.

Чорабинии мазкур дар руҳияи эҳтиром ба устод, қадршиносӣ аз заҳмати омӯзгорон ва таҳкими арзишҳои маънавию ахлоқии донишҷӯён баргузор гардида, барои баланд бардоштани ҳисси масъулият ва ҳавасмандии онҳо ба донишомӯзӣ аҳаммияти тарбиявӣ дошт.

Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ


03.10.2026 6

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php