ДАРСИ АМАЛИИ ДОНИШҶӮЁН АЗ ФАННИ ФАРМАКОЛОГИЯ ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ
Дар доираи баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявӣ ва ташаккули малакаҳои амалии донишҷӯён дар Донишгоҳ ба гузаронидани дарсҳои амалӣ дар заминаи озмоишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Аз ҷумла, дар кафедраи фармакологияи Донишгоҳ донишҷӯёни курсҳои сеюми факултетҳои тиббӣ, педиатрӣ, стоматологӣ, фармасевтӣ ва тиббӣ-профилактикӣ дар доираи машғулиятҳои амалии фанни фармакология дар Озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдии Донишгоҳ ба корҳои таҷрибавӣ ҷалб карда мешаванд.
Машғулиятҳои амалии мазкур аз рӯйи мавзӯъҳои «Доруҳое, ки ба асабҳои афферентӣ таъсир мекунанд», «Доруҳое, ки ба асабҳои эфферентӣ таъсир мекунанд» ва «Доруҳое, ки ба системаи М- ва Н-холинореактивӣ таъсир мекунанд» гузаронида шуда, ба донишҷӯён имконият медиҳанд, ки донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ намуда, хусусиятҳои таъсири фармакологии доруҳоро дар шароити таҷрибавӣ омӯзанд.
Дар раванди машғулиятҳо таҳти роҳбарии омӯзгорони кафедра донишҷӯён таҷрибаҳои таълимӣ-тадқиқотиро бо истифода аз ҳайвоноти лабораторӣ, аз ҷумла харгӯш ва қурбоққа, анҷом медиҳанд. Ҳангоми гузаронидани таҷрибаҳо онҳо таъсири доруи лидокаинро ба чашм ва пӯсти ҳайвоноти таҷрибавӣ, таъсири атропин сулфат ва пилокарпин гидрохлоридро ба чашм, инчунин таъсири атропин сулфат ва адреналин гидрохлоридро ба фаъолияти дили қурбоққа мушоҳида ва таҳлил менамоянд.
Яке аз ҳадафҳои асосии чунин машғулиятҳо ташаккули қобилияти донишҷӯён дар мушоҳида, таҳлили натиҷаҳои таҷриба ва шарҳ додани механизми таъсири доруҳо мебошад. Дар анҷоми ҳар як таҷриба донишҷӯён натиҷаҳои бадастомадаро таҳлил намуда, оид ба таъсири фармакологӣ, хусусиятҳои механизми таъсир ва аҳамияти амалии доруҳои омӯхташуда хулосаҳои илмӣ пешниҳод менамоянд.
Гузаронидани чунин дарсҳои амалӣ дар озмоишгоҳҳои махсусгардонидашуда барои пайвастани донишҳои назариявӣ бо таҷрибаи амалӣ, рушди тафаккури илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯён ва омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи тиб заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар маҷмӯъ, истифодаи имкониятҳои озмоишгоҳии Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ дар раванди таълими фармакология ба баланд бардоштани сифати таълим, рушди малакаҳои касбӣ ва таҳкими омодагии амалии донишҷӯёни Донишгоҳ мусоидат менамояд.
Кафедраи фармакология