ДАРСИ АМАЛӢ ОИД БА ФАРҲАНГИ ҲИНД ВА ЧИНИ ҚАДИМ

ДАРСИ АМАЛӢ ОИД БА ФАРҲАНГИ ҲИНД ВА ЧИНИ ҚАДИМ

Дар кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ аз ҷониби омӯзгори кафедра, номзади илмҳои фалсафа Нурализода Ҳ. Н. бо иштироки донишҷӯёни курси якуми факултети тиббӣ аз фанни фарҳангшиносӣ дар мавзӯи «Фарҳанги Ҳинд ва Чини қадим» дарси амалӣ баргузор гардид.

Дарс бо истифода аз усулҳои муосири таълимӣ ва муносибатҳои фаъоли омӯзишӣ ташкил карда шуда, донишҷӯён дар раванди он иштироки фаъолона намуданд. Барои беҳтар намудани дарки мавзуъ ва муаррифии донишҳои худ донишҷӯён аз плакатҳо, карточкаҳо, расмҳо ва схемаҳои гуногун истифода бурда, донишу малакаҳои хешро ба таври эҷодӣ нишон доданд.

Дар рафти дарс ба хусусиятҳои фарҳангии Ҳинду Чини қадим, дастовардҳои маънавию фарҳангӣ ва нақши онҳо дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Чунин дарсҳои амалӣ барои баланд бардоштани фаъолнокии донишҷӯён, рушди қобилияти таҳлилӣ, тафаккури эҷодӣ ва таҳкими донишҳои назариявии онҳо аҳаммияти муҳим доранд.

Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ


03.10.2026 3

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php