ДАР ХОБГОҲҲОИ №1 ВА №2 БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАРГУЗОР ГАРДИД

ДАР ХОБГОҲҲОИ №1 ВА №2 БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар хобгоҳҳои №1 ва №2-и Донишгоҳ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони Иттифоқи ҷавонони назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, масъулини соҳаи ҷавонони Донишгоҳ ва бошандагони хобгоҳҳо иштирок намуданд.

Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва омили муҳими худшиносии миллӣ дар таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва ташаккули ҳисси ватандӯстии ҷавонон нақши муҳим дорад. Дар ин замина, ҷавонон ба эҳтиром ва омузиши амиқи забони давлатӣ, риояи меъёрҳои забони адабӣ ва истифодаи дурусти он дар фаъолияти рӯзмарра, таҳсил ва муоширати ҷамъиятӣ даъват карда шуданд.

Масъулини соҳаи ҷавонон зимни суҳбат бо донишҷӯён масъалаҳои худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, ҳифзи забони давлатӣ ва масъулияти ҷавонон дар рушди ҷомеаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зикр гардид, ки ҷавонони донишҷӯ ҳамчун насли созанда бояд дар ҳифз ва рушди арзишҳои миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ, саҳми муносиб гузоранд.

Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо иштироки донишҷӯён баргузор гардида, дар он шеърхонӣ, қироати осори адибони тоҷик ва барномаҳои фарҳангӣ пешкаши иштирокчиён карда шуд. Баромадҳои донишҷӯён бо мазмуну муҳтавои ватандӯстона ва эҳтиром ба забони тоҷикӣ ба чорабинӣ ҳусни хосса бахшиданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор донишҷӯёни фаъол ва мудирони хобгоҳҳои болозикр барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.

Чунин чорабиниҳо дар заминаи сиёсати давлатии ҷавонон ба баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба забони давлатӣ ва арзишҳои миллӣ мусоидат менамоянд.

Шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳ


07.10.2026 3

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php