ДАР КАФЕДРАИ ЗАБОНИ РУСӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГИЮ МАЪРИФАТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
Ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраи забони русӣ чорабинии фарҳангию маърифатӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ташаббуси кафедра таҳти роҳбарии ассистенти кафедра Раҳматова Митра Эмомалиевна доир шуда, ҳадафи асосии он тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ, анъанаҳои миллӣ ва мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик миёни донишҷӯён буд.
Дар оғози чорабинӣ иштирокдорон оид ба таърихи ташаккули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мазмуну моҳияти рамзии он ва мақоми ин муқаддасоти миллӣ дар ҳаёти давлати соҳибистиқлол андешаронӣ намуданд. Зимни баромадҳо ба таърихи рамзҳои миллӣ, маънои рангҳои Парчами давлатӣ ва инъикоси онҳо дар хотираи таърихӣ, фарҳанг ва арзишҳои маънавии миллат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Донишҷӯён бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуда, нақши Парчами давлатиро ҳамчун яке аз рамзҳои асосии соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва ваҳдати миллӣ шарҳ доданд.
Қироати шеърҳо ва иҷрои суруди ватандӯстона, ки ба Ватан, забони модарӣ, ваҳдати миллӣ ва Парчами давлатӣ бахшида шуда буданд, ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшиданд. Ин баромадҳои фарҳангӣ ифодагари муҳаббату садоқати ҷавонон ба сарзамини аҷдодӣ ва ифтихор аз давлату миллати хеш буданд.
Дар чорабинӣ омӯзгорони кафедраи забони русӣ иштирок намуда, ҳамзамон намояндагони Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия (РУДН) ба ҳайси меҳмонон ҳузур доштанд. Дар анҷоми ҳамоиш меҳмонон таассуроту андешаҳои худро оид ба муҳтавои чорабинӣ баён намуда, аҳаммияти баргузории чунин иқдомҳои фарҳангию маърифатиро дар таҳкими дӯстии байни халқҳо, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва тарбияи ҷавонон муҳим арзёбӣ карданд.
Таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар баробари баланд бардоштани маърифати таърихию фарҳангии донишҷӯён, барои ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Кафедраи забони русӣ