ДАР КАФЕДРАИ БИОЛОГИЯИ ТИББӢ ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
19 ноябри соли 2026 дар кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика ба номи профессор Бердиев Н.Б. бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии маърифатӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо иштироки донишҷӯёни курси якуми факултети тиббӣ доир шуда, бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Зимни чорабинӣ донишҷӯён бо маърӯзаҳо ва шеърҳои ватандӯстона баромад намуда, оид ба таърихи қабули Парчами давлатӣ, аҳаммияти он ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ, давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳувияти тоҷикон ибрози назар карданд.
Таъкид гардид, ки эҳтиром ба Парчами давлатӣ нишонаи садоқат ба Ватан, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ буда, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои таълимӣ ба шумор меравад.
Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ баргузор гардида, ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтироми муқаддасоти давлатӣ дар байни донишҷӯён мусоидат намуд.
Кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика ба номи профессор Бердиев Н.Б.