ДАР КАФЕДРАИ БИОХИМИЯ ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД

ДАР КАФЕДРАИ БИОХИМИЯ ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар кафедраи биохимияи Донишгоҳ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона ва маърифатӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ дар байни донишҷӯён ташкил карда шуд.

Дар ҷараёни чорабинӣ донишҷӯён бо маърузаҳои пурмуҳтаво баромад намуда, дар бораи таърихи пайдоиш, мақоми давлатӣ ва аҳаммияти Парчами миллӣ ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистон маълумот пешниҳод карданд. Ҳамзамон, донишҷӯён шеърҳои ватандӯстона дар васфи Парчами давлатӣ, Ватан ва истиқлолияти миллӣ қироат намуда, фазои чорабиниро боз ҳам тантанавӣ ва пурмазмун гардониданд.

Зикр гардид, ки Парчами давлатӣ на танҳо рамзи расмии кишвар, балки таҷассумгари ормонҳои миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва садоқати ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба давлату миллати хеш мебошад.

Чунин чорабиниҳо дар баробари баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии донишҷӯён, барои тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба Ватан мусоидат менамоянд.

Кафедраи биохимия


25.11.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php